Бедилӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бедилӣ
Навъи фаъолият: шоир

Бедилӣ (форсӣ: بدیلئ‎, с. тав. ваф. номаълум) — шоираи форс-тоҷик (а. 15).

Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Дар тазкираҳои Алишери Навоӣ («Маҷолис-ун-нафоис»), Алиқулихони Доғистонӣ («Риёз-уш-шуаро») ва диг. аз ӯ чун шоираи номии давр ёдовар шудаанд. Аз девонаш иттилое нест. Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳову баёзҳо сабт гардидаанд. Абёти зерин аз ӯянд:

Мани мискин ба сари кӯи ту ҳарчанд давидам,
Ғайри оҳею сиришке зи дилу дида надидам.
                                     ***
Мебарад ҳар кас ба пеши ёр аз ҷон туҳфае,
Мо ба Ҳинд ин бедилӣ аз шармсорӣ мебарем.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Мухторов А. Мероси ниёгон. Д., 1999;
  • شعر زنان افغانستان. پاریس، ۱۳۷۹ هـ. ش