Беди туронӣ
Беди туронӣ | ||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Salix.
|
||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||
Salix turanica Nasarow | ||||||||||||
|
Бед, беди туронӣ (лот. Salix turanica) — буттаи баланд ё дарахтест бутташакл. То 5-8 м қад мекашад.
Тавсифоти гиёҳшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пӯстлохи тана ва шохҳояш суфта, хокистарранги кушод, баргаш нештаршакл. Бед дар Помиру Олой (дар баландии 1400-3800 м аз с. б.), дар болооби дарёи Яғноб, нишебҳои шим. қ-кӯҳи Қаротегин, қ-кӯҳҳои Дарвоз, Пётри I, Помири Ғарбию Шарқӣ (дар водии д-ҳои Гунд, Шохдара, Гармчашма, Панҷ, Ҷамантала, Мурғоб, атрофи кӯли Сарез) паҳн шудааст.
Хосияти шифоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бино ба маълумоти Абуалии Сино агар оби пӯстлохи тару тозаи бедро бо равғани гуле, ки бо пӯстлохи анор ҷӯшонда шудааст, омезанд ва ба гӯш чаконанд, дардро рафъ менамояд. Оби (шираи) бед барои қабзияти ҷигар ва зардпарвин муфид аст. Пӯстлох ва самари бед хунпартоиро бозмедорад. Ҷӯшоби пӯстлохи он сабӯсаки сарро нест мекунад. Нақеи Б. давои хубест барои ниқрис. Хокаи пӯстлох ва барги онро ба ҷароҳатҳои чуқур ва фасоднок мепошанд.
Дар тибби халқӣ ҷӯшидаи пӯстлохи бедро чун давои хунбанд, пешоброну талхарон, рафъи илтиҳоб (ҳангоми дарди даҳон, гингивит ва назлаи роҳҳои болои нафас), инчунин дар мавриди бемориҳои вараҷа, тарбод, халаи рӯдаву меъда тавсия медиҳанд. Бо ин гуна ҷӯшида дар мавриди хориш ва сабӯсак сарро мешӯянд, бо мақсади табобати бемориҳои пӯст кӯдаконро шустушӯ медиҳанд. Хокистари чӯби бедро бипошанд ё гузошта банданд, рафтани хунро манъ мекунад; агар онро ба сирка хамир карда, гузошта банданд, озахро хушк карда меафтонад, доначаҳо ва обилаҳоро дур месозад, варами пистонро таҳлил медиҳад, шаро (аллергия)-ро дафъ мекунад. Табибони мардумӣ бо равғани гули бед дарди сар, бехобӣ, варами майна, гӯшдард, дарди дандон, захми рӯдаҳо, сӯхтагии оташ, варами чашм, иллати ҷигар ва ғ-ро табобат менамоянд.
Дар тибби илмӣ нақеи пӯстлохи бед барои муолиҷаи тарбод, асабдард, ниқрис, сардард, шамолхӯрӣ тавсия шудааст. Бо ин мақсад 1 қошуқча пӯстлохи майдакардаро дар 2 истакон оби хунук андохта, 8 соат нигоҳ медоранд (дар муддати шаборӯз истеъмол карда мешавад).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бед // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Ковалёва Н. Г. Лечение растениями. М., 1972;
- Турова А. Д. Лекарственные растения СССР и их приминение. М., 1974;
- Гаммерман А. Ф., Гром И. И. Дикорастущие лекарственные растения СССР. М., 1976;
- Ходжиматов М. Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана. Д., 1989;
- Зоҳидов Ҳ. Канзи шифо. Д., 1998.