Бедод (оҳанг)
Зоҳир
Бедод (форсӣ: بیداد) — суруд, оҳанги қадимии мавсимию маросимӣ, ки дар аҳди Сосониён (222—651) эҷод шудааст. Аз сурудҳои ҳамосавии Борбади Марвазӣ буда, ба силсилаи дуюми «Хусравонӣ» мансуб аст. Бедод дар мусиқии анъанавию касбии садаҳои 12-13 чун қисми махсуси мақоми «Ҳиҷозӣ» камол дошта, дар садаҳои 14-17 баъзан ба сифати гӯшаи овозӣ дар мақоми «Бузург» мавриди истифода будааст; 2) гӯшае дар таркиби дастгоҳи «Ҳумоюн» (Эрон), ки байни шуъбаҳои «Лайлию Маҷнун» ва «Нағмаи Баёти Исфаҳон» воқеъ шудааст. Бедод дар мусиқии анъанавии тоҷик низ роиҷ будааст.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Раджабов А. Борбад: эпоха, традиция и новаторства. Д., 2010;
- Раҷабов А. Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои 1V-V11. Д., 2011;
- نصرت الله حدادی. فرهنگ موسیقئ ایران. تهران، ۱۳۷۵ ه. ش؛ مهدئ ستایشگر. فرهنگنامۀ
موسیقئ ایران زمین. تهران، ۱۳۷۸ ه. ش؛ رضاقلی خان هدایت. فرهنگ انجمن آرای ناصری. تهران، ۱۳۰۴ ه.ش؛ فرهنگ رشیدی. تهران، ۱۹۶۳ ؛ فرهنگ فارسی. تهران، ۱۹۶۳ ؛ فرهنگ عمید. تهران، ۱۹۶۶.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бедод / А. Раҷабов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.