Jump to content

Бедонатӯр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бедонатӯр — навъе аз харбуза.

Давраи нашваш 80-90 рӯз. Харбузаи дарозрӯяи тухмшакл аст. Пӯсташ сахт, тӯрдор, ҳаҷман миёна ва калон; вазнаш то 6 кг; рангаш сабзи зардтоб, доғҳои гирдаи сиёҳ дорад. Мағзаш сафед (5-7 см), сероб, ширину хуштаъм (7-8 % қанд дорад); тухмаш калон-калон, зард. Аз ҳар га полизаш 180 сентнер ҳосил меғундоранд. Бедонатӯрро асосан тар истеъмол мекунанд. Ба ҷойҳои наздик кашондан мумкин. Ба камобӣ ва заминҳои шӯрхок нисбатан тобовар аст. Бештар аз касалии пажмурдаи фузариозӣ зарар мебинад.

  • Справочник бахчевода, 1987.