Бежан ва Манижа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Бежан ва Манижа
Иҷро шудааст дар асари Шоҳнома

«Бежан ва Манижа» (форсӣ: بیژن و منیژه ‎) — яке аз достонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки муҳтавои он меҳрварзии паҳлавони эронӣ Бежан ва Манижа — духтари шоҳи Турон мебошад.

Хулосаи достон[вироиш]

Сужети мухтасари достон дар «Шоҳнома» бад-ин қарор аст: Бежан ҳамроҳи Гургин барои маҳв кардани гурозон меравад. Пас аз анҷоми кор ба марғзоре дар марзи Эрону Турон меояд. Дар ин марғзор духтари Афросиёб бо ҳамроҳонаш базм ороста буд. Бежан ва Манижа ҳамдигарро мебинанд ва дар дилашон меҳр пайдо мешавад. Манижа Бежанро ба қасри худ мебарад. Дарбориён ба Афросиёб хабар мерасонанд. Афросиёб Бежанро дастгир мекунад ва ӯро чун маҳбус ба чоҳе меафканад. Манижаро аз қаср меронад. Рустам Бежанро аз чоҳ раҳо карда, ҳамроҳи Манижа ба Эрон мебарад. Манбаи достони «Бежану Манижа» достонҳои бостонии мардуми ориёиянд. Бинобар пажӯҳишҳо оид ба «Шоҳнома», Фирдавсӣ «Бежану Манижа»-ро чун достони алоҳида, берун аз ҷараёни воқеоти «Шоҳнома» эҷод карда, баъдан ба он ворид намудааст.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • . حسین شهید مازندرانی. فرهنگ شاهنامه. تهران، ۱۳۷۷ ه. ش.؛
  • صفا ذبیح الله هماسه سرای در ایران. تهران، ۱۳۸۷ ه. ش

Сарчашма[вироиш]