Беинтизомӣ
Беинтизомӣ — яке аз сифатҳои манфии иродавӣ. Беинтизомӣ дар риоя накардани қоидаҳои мавҷуда зоҳир мешавад.
Беинтизомӣ аз сабаби риоя накардани қоидаҳои мавҷуда, нагирифтани тарбияи дурусти ахлоқӣ, таъсири атрофиён, ҳамроҳ шудан бо шахсони бадахлоқ ва ғ. сар мезанад. Кӯдак ё навраси беинтизом барои рафторҳои ношоистааш дар хона, кӯча, мактаб ва диг. ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби дигарон сарзаниш карда мешавад. Агар Беинтизомӣ дар вақташ пешгирӣ карда нашавад, ба оқибатҳои фоҷиаовар расонданаш мумкин аст, зеро шахси беинтизом ба тамоми амалҳои баду нораво қодир аст. Кӯдакон ё наврасони беинтизомро бо роҳи тарбия ва азнавтарбиякунӣ ислоҳ кардан мумкин аст. Яке аз роҳҳои ислоҳ кардани наврасони беинтизом ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ва маҳфилҳо (дар мактаб) ҷалб намудани онҳо мебошад. Наврасони беинтизом бояд таҳти назорати доимии волидайну мактаб, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гиранд.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Беинтизомӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.