Бек Наимов
Намуди зоҳирӣ
Бек Наимов | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 15 апрел 1942 (83 сол) |
Бек Наимов (15 апрели 1942, Норак — 2013, Душанбе) — рассом, Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон (2002).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимовро соли 1969 хатм карда, ба сифати рассом сӣ сол дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи А. Дониши АИ Тоҷикистон заҳмат кашидааст. Аз соли 2000 то поёни умр рассоми шабакаи аввали Телевизиони тоҷик буд. Дар анвои гуногуни рассомӣ бомуваффақият қувва озмудааст, вале дар чеҳранигорӣ бештар тавфиқ ёфтааст. Симои чеҳраҳои маъруфи сиёсат, адабу фарҳанги тоҷикро аз қабили Борбад, Исмоили Сомонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ бо маҳорати баланд офаридааст. Дар осорхонаҳои ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ асарҳояш ба намоиш гузошта шудаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.