Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Бел

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бел (форсӣ: بیل‎) — абзори оҳанӣн ё чӯбӣнин паҳни дорои дастаи чӯбин[1].

Бели оҳанӣ ё чӯбӣни паҳну дастадорест, ки бо мақсадҳои гуногун дар рӯзгор, умури кишоварзӣ, сохтмон истифода мешаванд. Бел асосан ду навъ мешаванд: Бели нӯгтези рост ва бели калони паҳн; аввалӣ барои замингардонӣ, ҷӯйканӣ, чуқуриканӣ, похсадевор ва ғ. ва дуюм барои боргирии маводди пошхӯрандаю шоро ва лағзанда истифода мешавад. Навъҳои гуногуни ин ду навъи белҳо дар соҳаҳои гуногуни зиндагиву рӯзгори мардум мавриди истифода мебошанд. Белҳои чӯбӣ, маъмулан, барои барфпоккунӣ ва поккории хирмани ғалла истифода мешаванд. Бел олоти куҳани кор буда, Наршахӣ дар "Таърих "-и хеш дар бораи он навишта буд: «Се ҳазор марди кориро бо тешаҳо ва белҳо, кӯзаҳо ва табарҳо… муҳайё карданд».