Бентонит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бентонит
Формула Al2[Si4O10](ОH)2•nH2О
Физические свойства
Цвет светло-кремовый
Плотность 0,760-0,879 г/см³

Бентони́т (аз номи кони Бентон, ИМА) — минерали табиии гилӣ, ки ҳангоми тар кардан чанд карат (14-16) варам мекунад.

Унсури асосии Бентонит — монтмориллонит Al2[Si4O10](ОH)2•nH2О мебошад (60-70 %), ки аз варақ­санги силикат иборат аст. Ҳангоми маҳдуд кардани фазои варамкунии озод дар ҳолати дар таркибаш об доштан моддаи зич ҳосил мешавад, ки барои дохилшавии мин­баъ­даи об мамониат мекунад. Бинобар ҳамин хусусият, инчунин безаҳр будан ва устувории кимиёвиаш дар бис­ёр соҳаҳои фаъолияти инсон васеъ истифода бурда мешавад. Бентонити табиӣ, одатан рН 6-9,5 (барои суспензияи 5%-аи обӣ баъди таҳшин кардани он) ва аз 2% камтар карбонати натрий дорад. Ду навъи бентонит мавҷуд аст: калсийдор (бо дараҷаи пасти варамкунӣ) ва натрийдор (бо дараҷаи баланди варамкунӣ — суръати варамкунӣ хурдтар аз 7мл/г ё зиёда аз 12 мл/г). Дар саноати хӯрокворӣ Бентонит чун ғизоӣ иловаӣ ва барои соф кардани шароб дар саноати филиззкорӣ барои коркарди маъдан, истеҳсоли сафол ва ғ. истифода мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]