Jump to content

Бераҳмӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бераҳмӣ — хусусияти маънавӣ-равонӣ, ки дар муносибати ғайриинсонӣ, дағалона ва таҳқиромези шахс ба шахси дигар, инчунин зараррасонии рӯҳию ҷисмонӣ ва ҳатто таҳдид ба ҷон зоҳир мегардад.

Инсонҳои бераҳм дар оила тоқатфарсо ва дар муносибатҳои шахсию корӣ дурушт мебошанд. Бераҳмӣ дар натиҷаи ғаризаи нодурусти худмуҳофизаткунӣ, кӯшиши нодурусти худсобиткунӣ, но­расоии таълиму тарбия дар синни хурдсолӣ (тифлӣ) ташаккул меёбад. Бераҳмии шахси алоҳидаро бо роҳи таъсир­расонии шахсони наздик, муҳити атроф, фаҳмон­дадиҳии меъёрҳои ахлоқию арзишҳои умумибашарӣ, инчунин бо қувваи қонун, ки кафолатдиҳандаи нигоҳдошти шаъну шарафи ҳар як шаҳрванд мебошад, коҳиш додан мумкин аст. Бераҳмӣ, аз як тараф, сабаб, аз тарафи дигар, омили худ­зиён­расонии шахс мегардад. Бераҳмии шахсӣ бо муносибатҳои бераҳмонаи ҷамъиятӣ алоқаи бевосита дорад. Шакли олии бераҳмӣ дар терроризм зоҳир мешавад.