Берклий
97 | Берклий
|
247,07 | |
5f97s2 |
Бе́рклий (Bk, лот. Berkelium) — унсури кимиёии гурӯҳи III ҷадвали даврии Менделеев; рақами тартибиаш 97, массаи ат. 247,0703. Мансуби актиноидҳост; унсури радиоактив.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Берклийро физикдонҳои амрикоӣ Г. Сиборг, С. Томпсон ва А. Гиорсо дар Лабараторияи радиатсионии Донишгоҳи Калифорния дар асари бо алфазарраҳо бомбаборон кардани изотопи америтсий 241Am ҳосил кардаанд. Лаборатория дар шаҳраки донишҷӯёну олимон дар Беркли (иёлати Калифорния) ҷой гирифтааст. Аз ин хотир ба унсури мазкур номи «Б.»-ро доданд. Ҳашт изотопи Б. бо массаҳои аз 243 то 251 ҳосил карда шудааст, ки дарозумртарини онҳо изотопи 247Bk (давраи нимкоҳишаш 1380 сол) мебошад. Изотопи 249Bk-ро бо миқдори чанд микрограмм дар реакторҳои уран ҳосил менамоянд. Ба хотири меҳнатталаб будани истеҳсол 1 г Б. тақр. 10 млн доллар арзиш дорад. Дар натиҷаи таҷзияи ҳастаии изотопии 249Bk изотопи калифорний — 249Cf ба даст меояд. Соли 1962 Б. Каннингем ва шогирдаш Ҷ. Уолмен аввалин пайвасти Б.-BkO2-ро ҳосил ва сохти молекулавии онро му-айян намуданд. Барои гузарондани таҷриба олимон дар ихтиёр фақат 0,02 мкг Б. доштанд. Минбаъд як силсила пайвастҳои дигари Б. ҳосил карда шуданд. Миқдори бештарини Б., ки дар натиҷаи ба тавассути литий барқарор кардани фториди берклий BkF3 ҳосил шуда буд, 5 мкг-ро ташкил дод. Ҳамин тавр, имконияти муайян кардани ҳарор. гудозиши Б. (9860С) имконпазир гашт. Муқаррар карда шуд, ки Б. метавонад дар ду шакли сохтории гуногуни кристаллӣ вуҷуд дошта бошад. Барои омӯзиши хосиятҳои кимиёӣ намунаи Б.-ро андаруни найчаи шишагии хеле борик таҳти таъсири моддаҳои газшакл қарор дода, пайвастҳои гуногуни онро ҳосил намуданд. Таҳқиқи маҳлули пайвастҳои Б. нишон дод, ки дараҷаи оксидшавии устувори он +3 аст ва метавонад то дараҷаи +4 оксид шавад. Хосиятҳои кимиёии Б., аз ҷумла қобилияти ҳосил кардани пайвастҳои комплексӣ, иштирок дар равандҳои иваз ва ҷудо кардани ионҳо мавриди таҳқиқи олимон қарор дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ (2018) «Pentavalent Curium, Berkelium, and Californium in Nitrate Complexes: Extending Actinide Chemistry and Oxidation States». Inorg. Chem. (American Chemical Society) 57 (15): 9453–9467. doi:10.1021/acs.inorgchem.8b01450. PMID 30040397.
- ↑ (1965) «The alpha half-life of berkelium-247; a new long-lived isomer of berkelium-248». Nuclear Physics 71 (2): 299. doi:10.1016/0029-5582(65)90719-4. Bibcode: 1965NucPh..71..299M.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Популярная библиотека химических элементов. М., 1983;
- Шретер В. Химия. М., 1989;
- Идрисов Т. Химияи аносир (элементҳо). Д., 2004.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Берклий / Т. Идрисов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.