Jump to content

Гектор Берлиоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Берлиоз)
Гектор Берлиоз
Берлиоз Гектор
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд фр. Louis-Hector Berlioz
Таърихи таваллуд 1803(1803)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1869(1869)
Маҳалли даргузашт
Солҳои фаъолият аз 1815
Кишвар
Пеша(ҳо) композитор
Соз гитор, flageolet[d], най[d] ва саксофон[d]
Сабк опера, симфонӣ, мусиқии килоссик[d] ва мусиқии романтик[d]
Ҷоизаҳо
Соядаст
Соядаст
hberlioz.com(англ.)(фр.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Берлиоз Гектор (1803-1869) — композитори барҷастаи фаронсавӣ, дирижёр, нависандаи соҳаи мусиқӣ. Узви Институти Фаронса (1856).

Берлиоз Гектор Консерваторияи Парижро аз синфи композитсия Ж.Ф. Лесюэр хатм намудааст. Асари нахустини ӯ – Симфонияи фантастикӣ («Лавҳае аз ҳаёти артист») – Берлиозро ба қатори композиторони барҷастаи Фаронса ба ҷои якум монд, ҳамчунин дар оянда чун офарандаи жанри нав – мусиқии симфонии барномавӣ эътироф шуд. Сужети асарҳояшро Берлиоз асосан аз адабиёти асарҳои нависандагони бузург: Байрон (увертюраи «Корсар», симфонияи «Гаролд дар Италия»), Шекспир (увертюра «Корол Лир», операи комедиявӣ «Беатриче ва Бенедикт», симфонияи драматикии «Ромео ва Юлия»), Ҳёте (қиссаи драмавии «Таънаомезии Фауст») ва ғ. Берлиоз такмили таъсирноки «Марселеза»-ро барои хори калон ва оркестр иҷро кард. Ба хотираи қурбониҳои инқилоби Фаронсаи с. 1848 Берлиоз Симфонияи мотамӣ-музуфариятиро бахшид ва ғ. Композитор-навовар ба шаклҳои мусиқӣ навоварӣ даровард, худро ҳамчун нобиғаи оркестровка нишон дод. Берлиоз дирижёри мумтоз ва нависандаи мусиқӣ буд. Ӯ дар Фаронса ва дигар мамлакатҳо консетрҳои зиёд дода, ба Россия низ сафарҳои ҳунарӣ доир намудааст (1847 ва 1867-68). Берлиоз рисолаи бузург барои инструментовка ва мақолаҳои зиёде дар хусуси мусиқӣ ва мусиқичиён навиштааст.[2]

  1. 1.0 1.1 Archivio Storico Ricordi — 1808.
  2. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.64-65. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)