Опера

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

О́пера (аз лот. opera — меҳнат, маснуот, асар) — жанри санъати мусиқӣ-драмавист.

Асоси Опера-либретто дар ин жанр бо воситаҳои драматургияи мусиқӣ, тавассути мусиқии вокалӣ ва оркестрӣ таҷассум кунонда мешавад. Опера ҳамчун жанри мураккаб дар худ намудҳои гуногуни саноеъ: драматургия, мусиқӣ, санъати тасвирӣ, хореография ва ғ.-ро муттаҳид мекунад. Хислати қаҳрамонон бештар дар партияҳои яккахонон (ария, ариоза, ариетта, кватина, монолог, баллада, суруд) кушода мешавад. Дар опера речитатив-бо оҳанги махсус ифода кардани нутқ омили таъсир-бахши драматургияи мусиқӣ мебошад. Дар операи ҳаҷвӣ, ба ҷои речетатив нутқи гуфтугӯӣ (одатан диалог) истифода мешавад. Дар опера ансамбли мусиқӣ (дуэт, трио, квартет, квинтет ва ғайра) низ мавқеи муҳим дорад. Мавқеи хор дар опера гуногун аст. Ба воситаи хор манзараҳои муҳташами ҳаёти халқ нишон дода мешавад (мас., мавқеи хор дар драмаҳои мусиқии М. Мусоргский «Борис Годунов» ва «Хованшина»). Дар опера оркестр мавқеи калон дорад. Яке аз ҷузъҳои намоиши операвӣ балет ва саҳнаҳои хореографӣ мебошанд.[1]

Таърихи Опера[вироиш | вироиши манбаъ]

Таърихи опера бо тараққиёти маданият ва таърихи инсонӣ марбут аст. Опера ҳамчун жанри мусиқии охири асри XVI дар Италия (Флоренсия) ташаккул ёфтааст. Аввалин операҳои итолиёӣ «Дафна» (1597-1598) ва «Эвридика»-и Я. Пери (1600) дар рӯҳияи таҷаддуд навишта шудаанд. Марҳилаи навбатӣ дар таърихи опера «Орфей»-и К. Монтеверди (1607) буд. Дар ҷараёни инкишофи таърихӣ жанру намудҳои гуногуни опера (эпикӣ, қаҳрамонӣ, таърихӣ, лирикӣ, афсонавӣ, драмавӣ, мазҳакавӣ), дар Италия опера-сериа (opera-seria) ва опера-буффа (opera-buffa). Операи мазҳакавӣ; дар Фаронса гранд-опера (grand-opera). Операи калон; дар Олмон ва Австрия зингшпал; дар Испания сарсуэла ва тонадиля; дар Англия операи балладавӣ, инчунин драмаи мусиқӣ, балети операвӣ ва ғ. пайдо шуданд.[1]

Намояндагон ва саромадони санъати операи ҷаҳонӣ: А. Скарлатти, Ҷ. Перголези, Д. Чимароза, Ҷ. Рассини, Ҷ. Верди, В. Белини, Г. Донисетти, Ҷ. Пучини, Р. Леонкавалло (Италия), Г. Пиёрсел, Г. Ф. Ҳендел (Англия), Ж. Рамо, Л. Кёрубини, Ҷ. Мейербер, Г. Берлиоз, Ш. Гуно, Ж. Бизе (Фаронса), К. Глюк, В. Мотсарт (Австрия), К. Вебер, Р. Вагнер, Р. Штраус (Олмон), Ф. Эркел (Венгрия), С. Монюшко (Полша), Б. Сметана, А. Дворжак, Л. Яначек (Чехия), Ж. Энеску (Руминия) ва диг.

Саромади операи классикии рус М. И. Глинка мебошад, ки намунаи барҷастаю реалистии операро ба вуҷуд овард («Иван Сусанин», «Руслан ва Людмила»). Минбаъд опера дар эҷодиёти А. Даргомижский, А. Бородин, М. Мусоргский, Н. Римский-Корсаков, П. Чайковский инкишлоф ёфт.

Опера дар санъати мусиқии тоҷик[вироиш | вироиши манбаъ]

Опера дар санъати мусиқии тоҷик баъди Инқилоби Октябр, Солҳои 30—уми асри XX ривоҷ ёфта, дар ташаккули мусиқии касбӣ марҳалаи муайян гардид. С. 1936 оркестри симфонии Театри давлатии опера ва балети тоҷик таъсис ёфта, дар пайдоиши санъати операи тоҷик замина гузошт. Композиторон С. А. Баласанян, А. Ленский, дирижёр И. Гитгарс, хормейстер Н. Мирошниченко, омӯзгори вокал Б. Прокофев ба артистони тоҷик маҳорат меомӯхтанд. С. 1938 нахустнамоиши мусиқии «Лола»-и С. А. Баласанян (либреттои С. Саидмуродов) дар инкишофи театри мусиқӣ ва ташаккули опера марҳалаи тоза гардид. Дар ҷашни 10-солагии ҶШС Тоҷикистон (1939) нахустин операи миллии тоҷик – «Шӯриши Восеъ»-и С. А. Баласанян (либреттои А. Деҳотӣ ва М. Турсунзода) намоиш дода шуд. «Коваи оҳангар»-и С. А. Баласанян операи дуюми тоҷик (либреттои А. Деҳотӣ) идомаи мавзӯи халқии қаҳрамонӣ буда, соли 1941 дар Даҳаи санъати тоҷик дар Москва намоиш дода шуд. Дар солҳои баъдина дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ композитиорони тоҷик операҳои зиёд навиштаанд, ки «Комде ва Мадан» (1960), «Ғуломон»-и Зиёдулло Шаҳидӣ (1980), «Бозгашт»-и Ёқуб Сабзанов (1967, 1985), «Шерак»-и Саид Ҳамроев (1970), «Парасту»-и Абдуфаттоҳ Одинаев (1970), «Рӯдакӣ» (1976), «Айнӣ»-и Шарофиддин Сайфиддинов (1978), «Лаънаткардаи халқ» (1979), «Қишлоқи тилоӣ» (1981), «Сарбозони инқилоб»-и Дамир Дӯстмуҳаммадов (19840, мисол шуда метавонанд ва дар инкишофу болоравии санъати операи тоҷик саҳми муҳим гардиданд. Дар 25 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон композиторони тоҷик дар жанри опера якчанд асарҳои тоза эҷод карданд: Дамир Дӯстмуҳаммадов «Биё, Барфӣ Бобо», опера барои бачаҳо (либреттои Н. Бақозода, 1999), Фирӯз Баҳор операи «Умари Хаём» (1998), операҳои «Рустам ва Суҳроб»Талабхӯҷа Сатторов (1999), «Амир Исмоил»-и Толиб Шаҳидӣ (1999), «Шайхурраис Сино»-и М. Бафоев (2011) аз ҷумлаи онҳоянд.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.280-282 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]