Jump to content

Бесипарҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бесипарҳо
Epimenia verrucosa
Epimenia verrucosa
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Aplacophora von Ihering, 1876

Бесипарҳо (лот. Aplacophora) — нармбаданҳои ҷӯякшикам, яке аз синфҳои ҷонварони баҳрӣ.

Солҳои пеш бесипарҳоро гоҳ мансуби синфи сӯзанпӯстон, гоҳе мутааллиқ ба синфи кирмҳо медонистанд. Бесипарҳо бештар ба нармбаданҳои сипардор шабоҳат дошта бошанд ҳам, бо бисёр хусусиятҳои худ аз онҳо фарқ мекунанд. Бинобар ин, дар илми таснифоти ҳайвонот онҳо ба синфи алоҳида ҷудо карда шудаанд.

Баданашон устувонашакли дароз (ба кирм мемонад), дар баъзе гурӯҳҳояшон аз ду ҷониб каме фишурда. Дар шикам ҷӯякчаиборик доранд, ки аз чуқурчаи паси даҳон сар мешавад. Андаруни ҷӯякча чини пӯст — пойҳои шаклан тағйирёфта мавҷуд аст. Бесипарҳо аъзои биноӣ ва шунавоӣ надоранд, бинобар ин, мавҷудоти хеле сустҳаракатанд. Тағзия ва ҳаёти бесипарҳо пурра таҳқиқ нашудааст. Бесипарҳо дар умқҳои гуногуни об сукунат доранд. Баъзеи онҳо фақат дар умқи 3-4 ҳазор м дучор меоянд. Ғизои бесипарҳо детрит ва сараки полипҳои марҷонӣ аст.

  • Жадин В. И. Моллюски пресных и солоноватых вод СССР. М.-Л., 1952;
  • Шапкин В. А. Практикум по зоологии беспозвоночных. М., 2003.


Шаблон:Malacology-stub