Jump to content

Бех

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бех
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Allochrusa gypsophiloides (Regel) Schischk., 1937
Мутародифот
Acanthophyllum gypsophiloides Regel

Бех, ё бехдору, ё бехи сафед, ё нишоллобех (лот. Allochrusa gypsophiloides) — гиёҳест бисёрсола.

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз 30 то 80 см қад мекашад. Пояаш сершох, баргаш нештаршакл, гулаш майдаи сафед ё гулобӣ, ғӯзааш байзашакл. Моҳҳои май-июн гул карда, июл-сентябр тухм мебандад. Одатан, дар дашту биёбон, нишебиҳои кӯҳ ва теппаҳо мерӯяд. Дар Тоҷикистон асосан дар кӯҳҳои Мевағул, Қурамаю Зарафшон месабзад; дар байни мардум бо номи «бехдору» маъмул аст. Бехро барои кафкнокии нишолло истифода мебаранд.

бех ашёи хоми саноатист. Аз он сапонин (12-32 %) мегиранд. Моддаҳои сапонинӣ дар саноати хӯрокворӣ (барои тайёр кардани ҳалво, нӯшокӣ ва ғайра), атриёт, бофандагӣ ва оташнишонӣ ба кор мераванд. Дорушиносон муқаррар кардаанд, ки сапонини бех таъсири зиддимикробӣ ва балғамрон дорад. Аз сапонини холис ваксинаи зидди сӯхтанӣ ва брутселлёз таҳия месозанд.

Хосиятҳои шифоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар тибби мардумӣ қиёми решаи бехро ҳамчун доруи балғамрон (ҳангоми бронхит ва диг. бемориҳои роҳи нафас), талхарон, пешоброн ва исҳоловар истифода мебаранд. Барои ин решаи майдакардаи онро ба як истакон оби ҷӯшидаи хунук андохта, 8-10 соат нигоҳ медоранд ва дар давоми рӯз менӯшанд. Баъзан аз решаи бех чой карда, ҳангоми бемориҳои меъдаю рӯда, пӯст (пиодермия, шукуфа, пучак), аъзои ҷинсӣ, испурч, ҷигар, гурда ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо истеъмол мекунанд. Қиёми появу барги бехро ҳамчун доруи исҳоловар ва балғамрон истифода мебаранд.

  • Ковалёва Н. Г. Лечение растениями. М., 1972;
  • Турова А. Д. Лекарственные растения СССР и их применение. М., 1974;
  • Гаммерман А. Ф., Гром И. И. Дикорастущие лекарственные растения СССР. М., 1976;
  • Ходжиматов М. Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана. Д., 1989.