Бехмеварезакунак
Зоҳир
Бехмеварезакунак — мошинест барои шустан ва реза кардани бехмеваҳои хӯроки чорво.
Қисмҳои асосии бехмеварезакунак муҳаррики электрикӣ, бордон, камераи резакунӣ ва рама мебошанд. Камераи резакунӣ аз боло ва поён ду чархи теғдор, дека ва чархи партоянда дорад. Чархҳои теғдорро муҳаррики электрикӣ ба ҳаракат медарорад. Ба баромадгоҳи бехмеварезакунак рӯдаи резинӣ пайваст мекунанд, ки ба воситаи он бехмеваҳои резашуда ба зарф ё таҳвилнавор мерезанд. Андозаи резаҳо (1-3 мм ё 5-8 мм) бо ёрии чархҳои теғдор танзим карда мешавад. Маҳсулнокии бехмеварезакунак ҳангоми майда (1-3 мм) пора кардани бехмева 4 т/соат ва дар аснои калонтар (5-8 мм) реза кардани он 7 т/соат аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бехмеварезакунак // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.