Jump to content

Беҳрон Меҳробов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Берон Меробов - (тав. 22.10.1937 – 25.04.2014, Душанбе) — навозанда (тромбон), диржёри Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1989) Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1997), профессор [1]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Берон Меробов 22.10.1937 дар деҳаи Поршневи н. Шуғнон ВМКБ бадунё омадааст. С. 1959 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе, 1964 Консерваторияи давлатии Москва ба номи П. И. Чайковскийро бо ихтисоси тромбон ва 1976 Консерваторияи давлатии шаҳри Ленинград (ҳоз. Санкт-Петербург)-ро бо ихтисоси дирижёри оркестри симфонӣ хатм намудааст. Солҳои 1957-59 навозандаи ансамбли хореографӣ – этнографии «Помир», 1968-71 навозандаи оркестри симфонии Филармонияи давлатии Тоҷикистон, 1980-1990 роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон. Аз соли 1990 дирижёр ва аз соли 1995 сардирижёриТеатри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ. Дирижёрии М. аз соли 1974 оғоз ёфта, дар театри номбурда, дар аксар намоишномаҳо, аз ҷумла «Евгений Онегин», «Моткаи қарамашшоқ», «Иоланта»-и П. Чайковский, «Алеко»-и С. Рахманинов, «Лайлӣ ва Маҷнун»-и С. Баласанян, «Комде ва Мадан»-и З. Шаҳидӣ, «Амир Исмоил»-и Т. Шаҳидӣ, «Рустам ва Суҳроб»-и Т. Сатторов, «Матриса»-и И. Калман ва ғ.-ро дирижёрӣ кардааст. Ӯ дар саҳнаи театрҳои Москва, Санкт – Петербург, Тошканд, Бишкек, Владикавказ, Иркутск, Уляновск ва ғ. дирижёрӣ карда буд.[2]

  1. Cомонаи театр
  2. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.229. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)