Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов  (КСД ба номи А. Бобоқулов)
Номҳои пештара Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе
Соли асосгузорӣ 1945
Азнавташкилшавӣ ба коллеҷ
Соли азнавташкилшавӣ 2004
Навъ санъат
Макон  Тоҷикистон
Нишонӣ 734020, шаҳри Душанбе

Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов — яке аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии тобеи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мебошад. Таълимгоҳ дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов соли 1945 ҳамчун Омӯзишгоҳи мусиқии шпҳри Душанбе дар заминаи мактаби мусиқии № 1 таъсис дода шуд ва он дар бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ қарор дошт. Соли 1948 ба аввалин хатмкунандагон диплом дод (композитор Я. Сабзанов, пианинонавозон Е. Максимович ва М. Волкова).

Дар ибтидои ташкилёбӣ дар омӯзишгоҳ 5 шуъба амал мекард:

  • фортепианои махсус,
  • созҳои оркестрӣ ва торӣ,
  • созҳои халқӣ,
  • дирижёри хор,
  • композитсия.

Композиторон А. Ленинский, С. Баласанян, С. Урбах, И. Рогалский аз ҷумлаи омӯзгорони аввалини омӯзишгоҳ буданд. Солҳои баъдина омӯзгорон М. Н. Таврина, Э. ва Н. Будкевичҳо, С. ва М. Муравинҳо, А. Селютин, А. Земел, И. Полянская, Т. Улмасов, Д. Айрапетянс, Р. Шоҳимардонов, Ҳ. Калонтаров, А. Хаимов ва диг. ба шогирдон таълим доданд. Соли 1950 омӯзишгоҳ ба бинои нав кӯчида, шуъбаҳои нав кушода шуданд.

Баъдан бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2004, ба Муассисаи давлатии Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов табдил дода шудааст[1]. Муассиса мутобиқи Иҷозатнома дар бораи ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ аз 25.12.2009 ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, фаъолият менамояд.

Сохтор[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар коллеҷ муҳлати таҳсил дар шуъбаи рӯзона 4 сол ва шуъбаи ғоибона 5 сол муқаррар гардидааст. Таҳсил бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар гуруҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ ба роҳ монда шудааст. Аксарияти хатмкардаҳои коллеҷ ба донишгоҳҳои олии ҳунар — Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ва хориҷи кишвар дохил мешаванд. Инчунин хатмкардаҳо барои кор ба муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ ба ҳайси ҳунарпеша ва омӯзгори мактабҳои бачагонаи мусиқӣ равон карда мешаванд.

Донишҷӯён дар нуҳ шуъба ба шакли таҳсили рӯзона ва дар ҳафт шуъба ба шакли таҳсили ғоибона ба донишандӯзӣ фаро гирифта шудаанд:

  • Шуъбаи «Мусиқишиносӣ» (рӯзона ва ғоибона)
  • Шуъбаи «Фортепиано» (рӯзона ва ғоибона)
  • Шуъбаи «Дирижёри хори академӣ» (рӯзона ва ғоибона)
  • Шуъбаи «Асбобҳои тории оркестрӣ» (рӯзона ва ғоибона)
  • Шуъбаи «Асбобҳои зарбӣ — нафасӣ» (рӯзона ва ғоибона)
  • Шуъбаи «Асбобҳои халқӣ» (рӯзона ва ғоибона)
  • Шуъбаи «Сурудхонии академӣ» (рӯзона)
  • Шуъбаи «Сурудхонии анъанавӣ» (рӯзона)
  • Шуъбаи «Режиссура (ороиши овоз)» (рӯзона ва ғоибона)

Ихтисосҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар коллеҷи донишҷӯён аз рӯйи номгӯйҳои зерини тахассусҳо дар шӯъбаи рӯзона таълим мегиранд:

  • Мусиқишиносӣ
  • Фортепиано
  • Дирижёри хори академӣ
  • Асбобҳои тории оркестрӣ
  • Асбобҳои зарбӣ — нафасӣ
  • Асбобҳои халқӣ
  • Сурудхонии академӣ
  • Сурудхонии анъанавӣ
  • Режиссура (ороиши овоз)

Хатмкардаҳои номдор[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ — Амон Ҳамдамов, Яъқуб Сабзанов, Фаттоҳ Одина, Х. Абдуллоев, А. Одинаев, Миратулло Атоев, С. Ҳамроев, Толибхон Шаҳидӣ, Ф. Баҳор, Дамир Дӯстмуҳаммадов, Қудратуллоҳ Яҳёев, А. Солиев, Ш. Пулодӣ, С. Халилов, З. Нишонов, Талабхӯҷа Сатторов, Бурҳон Маҳмадқулов, Б. Меробов, С. Олимов, Қ. Ризоев, Ҷумъа Обидпур, Суръат Халилов, С. Шамсов, О. Сабзалиева, Зайниддин Зулфиқоров, Аъло Аълоев, Нуқра Раҳматова, Файзалӣ Ҳасанов, Д. Қурбонов, Қурбони Қурбониён, Ю. Саодатов, А. Ниёзмамадов, Мадина Акназарова ва даҳҳо нафарони дигар хатмкардагони ҳамин муассса мебошанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С.278. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)