Jump to content

Беҳҷати Аҳрорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Беҳҷати Аҳрорӣ
Таърихи таваллуд: 1874
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 10 январ 1962(1962-01-10)
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: шоир

Беҳҷат Саййидвалихони Аҳрорӣ (1874, Хистеварз — 10 январи 1962, ҳамон ҷо) — шоири тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шаҷараи авлодиаш ба Хоҷа Аҳрорӣ Валӣ мерасад. Аввал «Асилӣ» тахаллус дошт. Солҳои 20 садаи XX тахаллуси «Беҳҷат»-ро пазируфт. Дар 7-солагӣ хатту савод баровард ва дар мадрасаҳои Хуҷанду Хуқанд таҳсилро идома дод. Ба шеър гуфтан дар мадраса оғоз кард. Солҳои 1921—1923 дар манзили худ мактаби хусусӣ кушод, ки дар он фарзандони аҳли деҳа ройгон таҳсил мекарданд. Бо ташаббуси Беҳҷат мактаби дигаре бунёд карда шуд, ки то соли 1929 амал мекард.

Беҳҷат дар ҳавзаи адабии Хуҷанд чун шахси бедилхону бедилшинос машҳур буд. Дар пайравӣ аз Бедил шеърҳо гуфтааст. Инчунин дар ашъораш алоқамандие бо шеърҳои Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ ва дигарон ба назар мерасад. Бо шоирон Тошхоҷа Асирӣ, Зуфархон Ҷавҳарӣ ва Нақибхони Туғрал робитаи дӯстӣ ва эҷодӣ дошт. Аз осораш дафтари шеъре иборат аз 1500 байт боқӣ мондааст.

Намунаи абёт

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абёти зерин намунае аз шеъри ӯянд:

Дар муҳити Кофу Нун ҳайратшиорам кардаанд,
Аз гудози синаам дуди шарорам кардаанд.
Мондаам дар тоқи нисён дар хароботи ҷаҳон,
Дар фироқи дӯст доим интизорам кардаанд.
Чун магасҳо гирди шаккар издиҳоме доштам,
К-аз фусуни толеам ин дам фирорам кардаанд…
Ҳаббазо, Беҳҷат, ки Бедил суфта ин дурри сухан:
«Он қадар ҳечам, ки аз худ шармсорам кардаанд».

  • Беҳҷат Саййидвалихони Аҳрорӣ / Н. Ғаффоров // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
  • Асадуллоев С. Беҳҷати Хистеварзӣ. Х., 1992;
  • Ғаффоров У., Ғаффоров Н. Хистеварз. 2009.