Бибӣ Фотима
Зоҳир
Бибӣ Фотима, Бибӣ Зуҳро, Заҳро — қаҳрамони нақлу ривоятҳо ва устураҳои тоҷикист, ки маншаи он духтари пайғамбари ислом Муҳаммад (с) Фотима мебошад.
Бибӣ Фотима дар қиссаву ривоятҳои мардумӣ ҳаммонанди занҳои тоҷик ҳалиму меҳрубон, покдоман ва заҳматкаш тасвир шудааст. Ӯ монанди кадбонуҳои тоҷик хислату рафтор дорад: ҷомашӯӣ мекунад, хамир карда нон мепазад. Аз маводди ҷамъовардаи мардумшиносон бармеояд, ки Бибӣ Фотима байни мардуми тоҷик илоҳае будааст, ки пеш аз шурӯъ ба ягон кор – бофандагӣ, ширдӯшӣ ва равғани маска гирифтан, маросими ордбезон барои тӯй ва ғ. номи ӯро мегирифтанд ва аз ӯ мадад мехостанд. Масалан, занон ҳангоми ширдӯшӣ ё ордбезон ибораи «Дасти ман не, дасти Бибӣ Фотимаи Зуҳро»-ро ба забон меоранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бибӣ Фотима / Д. Раҳимов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.