Бидун
| |
номаълум — 670 | |
|
|
Таваллуд |
номаълум |
Даргузашт | 670-ум |
Ҳамсар | Хутакхотун |
Фарзандон | Туғшода |
Бидун (номаълум, Сарзамини Суғд — 670-ум) — бухорхудот, ҳамсари Хутакхотун ва падари Туғшода. Дар маъхазҳои таърихӣ бо номҳои «Бандун», «Нидун», «Садун» ҳам сабт гардидааст.
Бухорхудот лақаби ҳокимони пешазисломии Бухоро буд, ки маънои соҳиби Бухороро ифода мекард. Балозурӣ дар «Футӯҳ-ул-булдон» ӯро «Бандуни Суғдӣ» ва шоҳи Суғд муаррифӣ мекунад: волии араби Хуросон «…Салм ибни Зиёд аз дарё (Ому) гузашта, подшоҳи Суғд — Бандунро бикушт». Мутобиқи маълумоти Наршахӣ, солҳои 80 садаи 7 ва нимаи аввали садаи 8 Бидун, Туғшода, Бунёт ва Сухон ҳокимони Бухоро (Бухорхудот) будаанд. Пас аз ба қатл расидани Бидун писараш Туғшода подшоҳ эълон мешавад, вале азбаски Туғшода хурдсол буд, амалан модараш Хотун (ба қавли Ибни Аъсами Куфӣ Хутак-хотун) фармонфармоӣ мекард. Ӯ 15 сол дар Бухоро ҳукмронӣ карда, ба ивази маблағ борҳо бо аъроб сулҳ баста, онҳоро аз Бухоро дур кардааст. Пас аз вафоти Хотун аз с. 693 писараш Туғшода соҳиби воқеии тахти Бухоро гардид.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бидун Бухорхудот / Б. Раҳматов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.