Бикова, Елизавета Ивановна
| |
Иттилоъоти инфиродӣ | |
Ҷинс | зан |
Кишвар | |
Тахассус | шоҳмот |
Зодрӯз | 4 ноябр 1913[1][2] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 8 март 1989[1][2] (75 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Бикова Елизавета Ивановна (4 ноябри 1913, деҳаи Боголюбово, вилояти Владимир — 8 марти 1983, Маскав) — сеюмин чемпиони ҷаҳон оид ба шоҳмот (1953-56, 1958-62), гроссмейстери байналмилалӣ (1976). Устоди хизматнишондодаи варзиши ИҶШС (1953), иқтисоддон-тарроҳ, рӯзноманигор. Чемпиони 6-каратаи Маскав ва 3 карат чемпиони ИҶШС (1947, 1948, 1950).
Соли 1953 бо пирӯзӣ бар Людмила Руденко чемпиони ҷаҳон шуд ва соли 1956 аз Руденко шикаст хӯрда, ба зинаи дуюм фаромад, аммо соли 1958 боз бар ин ҳарифи хеш ғолиб омада, маликаи шоҳмоти ҷаҳон шуд. Дар мусобиқаи соли 1960 низ бо пирӯзӣ унвони чемпиониашро ҳифз кард, аммо соли 1962 аз устоди гурҷистонӣ Нона Гаприндашвилӣ шикаст хӯрд. Бикова, чунонки Гаприндашвилӣ ӯро тавсиф кардааст, дар анҷоми мавқеъҳои сода ва эндшпил (поёни бозӣ) ҳамто надошт ва бо заҳматталабии фавқулодаву хунсардии нодир ва матонати фантастикиаш фарқ мекард.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Hosch W. L. Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 2.0 2.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шахматы. Энциклопедичесский словарь. М., 1990.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бикова Елизавета Ивановна // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.