Бил, Томас Уилям

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бил, Томас Уилям

Бил Томас Уилям (с. тав. номаълум — ваф. 1875) — таърихнигор, зиндагиноманавис ва шоири форсигӯйи англис.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар мавзеи шимоли ғарби Ҳинд (Утарпрадеш) дар идораи молиёт, инчунин дар ширкати Ҳинди шарқии англисӣ кор мекард. Пас аз бознишастагӣ зиндагиашро дар Агра (Акбаробид) идома дод. Ба забони форсӣ китобе дорад бо номи «Мифтоҳ-ут-таворих», (таълиф 1848; чопи Конпур 1867), ки он маҷмӯаи моддаи таърихҳоест, ки шоирон дар бораи таваллуд, тахтнишинӣ ва даргузашти шоҳон, ашхоси баландмақом, бузургон аз оғози солшумории ҳиҷрӣ то замони мураттаб гардидани китоб гуфтаанд. Дар китоб инчунин зиндагиномаи донишмандон, адибон, орифон, шоирон ва диг. намояндагони тамаддуну фарҳанг, моддаҳои таърихи ба итмом расидани сохтмони қасрҳо масҷидҳо, иншооти муқаддас ва ғ., инчунин якчанд моддаи таърихи ба форсӣ навиштаи Бил ҷой гирифтаанд. Бил ба забони англисӣ китобе дар шарҳи ҳоли бузургони илму адаб ва тамаддуни Шарқ («An Oriental Biographical Dictionary») нигоштааст, ки соли 1881 дар Калкатта ба табъ расидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • دانشنامۀ أدب فارسی. أدب فارسی در شبه قاره (هند، پاکستان، بنگلدش). بخش ۱. تهران، ۱۳۸۰ هـ. ش.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]