Jump to content

Бимбулат Ватаев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бимбулат Ватаев
Бимбулат Заурбекович Ватаев
Таърихи таваллуд: 15 март 1939(1939-03-15)
Зодгоҳ: Осетияи Шимолӣ, Русия
Таърихи даргузашт 9 май 2000(2000-05-09) (61 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша
Корнома: аз 1962
Ҷоизаҳо:
Order of Friendship
Ҳунарпешаи халқии ҶШФСР Ҳунарпешаи шоистаи РСФСР
IMDb: ID 0890893

Бимбулат Заурбекович Ватаев (15 март 1939[1], New Batako[d], ҶМШС Осетияи Шимолӣ[d]9 май 2000 ё 9 март 2000[1], Владиқафқоз) — ҳунарпешаи кино, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ (1972).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1964 Омӯзишгоҳи театрии ба номи Шукини шаҳри Маскавро ба поин оварда, дар Театри давлатии драмаи Осетияи Шимолӣ кор кардааст, солҳои 1994-1998 вазири фарҳанги Ҷумҳурии худмухтори Осетияи Шимолӣ - Алания буд, аз соли 1990 боз ба театри номрафта баргаштааст. Соли 1946 ҳамроҳи модараш (падараш дар ҶБВ ҳалок шудааст) ба Тоҷикистон омад ва то соли 1954 дар шаҳри Кӯлоб зистааст. Забони тоҷикӣ, урфу одат ва анъанаҳои мардумамонро хуб медонист, аз ин рӯ бо Тоҷикистон ҳамеша робитаи қавӣ дошт.

Образҳои хотирмонро дар «Ҳасани аробакаш», «Бо амри дил», «Достон дар бораи Рустам» (ду қисм), «Рустам ва Суҳроб», «Достони Сиёвуш», «Панҷто дар пайраҳа», «Дастгиркунӣ», «Як умр кам аст», «Саргузашти Мунаки хурдакак», «Истило» барин филмҳои "Тоҷикфилм" офаридааст. Б. Ватаев ҳамчун ҳунарпешаи синамо дар филмҳои истеҳсоли Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, киностудияҳои Одесса ва Ленингради Русия нақшҳои ҷолиб офаридааст. Бо Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.[2]

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе, 2012. — C.77