Jump to content

Биолитҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Биолитҳо (аз био... ва юн. lithos – санг) — ҷинсҳои кӯҳии биогенӣ ва органогенӣ, ки асосан аз боқимондаҳои ҳайвоноти ҳалокшуда (ҷинсҳои кӯҳии зоогенӣ), рустаниҳо (ҷинсҳои кӯҳии фитогенӣ) ё боқимондаҳои маҳсулоти зиндагии онҳо ташаккул ёфтаанд. Биолитҳо сӯзанда – каустобиолитҳо (варақсанг, ангишт, нафт) ва насӯзанда акаустобиолитҳо (оҳак, бӯр) мешаванд.