Jump to content

Биотелеметрия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Биотелеметри́я (аз био…, теле… ва …метрия) — усули аз дур муоина кардани ҳодисаҳои биологӣ.

Ҳангоми биотелеметрия ба объекте, ки мавриди таҳқиқ қарор дорад (ҳайвон ё одам), институтиқола (датчик) мемонанд.

Сингалҳои институтиқол, ки ин ё он раванди биологӣ ё физиологӣ (ҳаракат, набз, нафаскашӣ ва ғайра)-ро тавсиф мекунанд, ба воситаи роҳҳои алоқа (радио ё алоқаи телефонӣ) институтиқол ёфта, дар нуқтаи қабули ахбор сабт мегарданд. Истифодаи телеметрия барои дар масофаи хеле дур таҳқиқот бурдан имконият медиҳад. Ба тавассути Биотелеметрия дар бораи амалиёти узвҳои дарунӣ низ маълумот гирифтан мумкин аст. Барои ин ба ҷавфи бадан (Масалан., ба меъда ё рӯда) як ё чанд радиоинститутиқолаи майда ворид мекунанд. Биотелеметрия дар биологияи кайҳонӣ ва тибби кайҳонӣ, физиологияи меҳнат ва варзиш, экология ва физиологияи ҳайвонот аҳаммияти бузург пайдо кардааст.