Jump to content

Биотехния

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Биоте́хния (аз био- ва юн. τέχνη — маҳорат) — маҷмӯи тадбирҳои афзун намудани захира ва беҳтар кардани маҳсули ҳайвоноти муфид.

Истилоҳи Биотехния солҳои 30 а. 20 пайдо шудааст. Ба он муҳофизат ва парвариши ҳайвоноти шикорбоб дар шароити табиӣ замина гузошт. Андешидани тадбирҳои муҳофизатӣ (бо роҳи бунёди мамнӯъгоҳҳо, қӯруқҳо, муқаррар намудани муҳлати шикор ва ғайра) барои барқарор гаштани саршумори ҳайвоноти муфид, парандаҳо ва моҳиҳо имкон фароҳам овард. Биотехния иҷрои тадбирҳои зеринро дар назар дорад: афзун намудани саршумори ҷонварони шикорӣ — беҳтар сохтани базаи хӯрок (коштани рустаниҳои хӯроки ҳайвонот дар чарогоҳҳои табиӣ ва обанборҳо); беҳтар кардани шароити муҳофизат ва лонасозӣ (шинондани дарахту буттаҳо, коштани алафҳои пояашон баланд барои панаҳ шудани ҳайвонот); маҳви ҳайвонҳои дарандаи хавфнок; мубориза бар зидди касалиҳои ҳайвонот; беҳтар кардани самараи ҳайвоноти шикорӣ; барпо намудани шароити мусоид барои афзоишу инкишофи онҳо.