Биофилтр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Биофи́лтр (юн. βιος — зист ва лот. filtrum — намад) — таҷҳизотест барои аз ҷиҳати биологӣ пок кардани обҳои равон. Биофилтр зарфи калони гирда ё росткунҷа буда, қаъри дуқабатаи он бо масолеҳи полоянда (дажғол, шағал, сангреза, карамзит ва ғайра) пур карда шудааст.

Масофаи байни қабатҳои қаър 40 см, баландии қабати полоянда 1,5-2 м, андозаи зарраҳои қабати полоянда 30-50 мм, қабати поёнӣ 60-100 мм мебошад. Ҳангоми аз масолеҳи полоянда гузаштани об бактерияҳо, занбӯруғҳо, моддаҳои органикии оксидкунонанда ва ғ. дар сатҳи он пардаи биологӣ ҳосил мекунанд. Иқтидори оксидкунии Биофилтр бо роҳи таҷриба муайян карда мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]