Биоэнергетика

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
STM Stirling Generator set.jpg

Биоэнергетика — илмест, ки тарзи табдили энергияро дар организмҳои зинда меомӯзад. Ба маънои дигар, биоэнергетика ҳодисаҳои ҳаётро аз нуқтаи назари энергетика баррасӣ менамояд. Биоэнергетика бахше аз биологияи молекулавӣ, биофизика ва биокимиё аст.

Ба биоэнергетика духтури олмонӣ Ю. Р. Майер, ки с. 1841 қонуни бақо ва табдили энергияро дар асоси таҳқиқоти равандҳои энергетикӣ дар организми одам кашф намуд, ибтидо гузоштааст. Таҳқиқи равандҳое, ки манбаи нерӯи мавҷудоти зинда (Масалан нафаскашӣ, ҷӯшиш ё туршидан) ва мувозанати нерӯии организм, инчунин тағйири он дар шароити гуногун (оромӣ, кор, ҳарор., муҳит) мебошанд, солҳои зиёд мазмуну мундариҷаи асосии Биоэнергетикаро ифода мекарданд. Аз миёнаи а. 20 бинобар рушди илмҳои биологӣ муҳтавои асосии Биоэнергетика аз омӯзиши тарзи табдили энергия дар организмҳои зинда иборат аст. Дар кори таҳқиқи табдили энергия дар организм асосҳои термодинамикӣ истифода мегарданд, вале бо вуҷуди ин Биоэнергетика ва энергетикаи олами ғайриорганикӣ аз ҳамдигар тафовут доранд. Якум, организмҳо метавонанд фақат дар шароити мубодилаи ҳамешагии энергия бо муҳит вуҷуд дошта бошанд. Дувум, ба равандҳое, ки дар ҳуҷайраҳо ба вуқӯъ мепайванданд, тағйири ҳарорат, фишор ва ҳаҷм хос нест. Аз ин рӯ, бевосита ба нерӯи корӣ табдил ёфтани гармӣ имконнопазир аст. Бинобар ин, дар рафти таҳаввулот (эволютсия) организмҳо малакаҳои гунонун ҳосил намуданд ва онҳо имкон медиҳанд, ки як шакли энергияи озод бидуни табдил ёфтанаш ба гармӣ ба шакли дигари энергия гузаронида шавад. Манбаи асосии энергия дар Замин шуои Офтоб аст, ки як қисми онро пигментҳои рустаниҳо ва баъзе бактерияҳо гирифта (Масалан организмҳои афтотрофӣ) дар ҷараёни фотосинтез дар шакли энергияи кимиёӣ (чун АТФ ё дигар. пайвастҳои макроэргӣ) захира менамоянд. Ҷараёни ҳосил гаштани карбогидридҳо, липидҳо, сафедаҳо ва дигар. унсурҳои ҳуҷайраҳо аз ҳисоби ҳамин нерӯ сурат мегирад. Организмҳои гетеротрофӣ АТФ (кислотаи аденозинтрифосфат)-ро дар вақти нафаскашӣ ҳангоми то CO2 ва об оксид гаштани моддаҳои ғизоӣ ҳосил мекунанд. Дар бофтаи рустаниҳо раванди асосии энергетикӣ фотосинтез ва нафаскашӣ аст. Мубодилаи газ дар рустанӣ бо синтези метаболитҳо, нақл ва таҷаммуи энергия дар АТФ алоқаманд мебошад. Дар рафти нафаскашӣ ба як молекула CO2 6 молекула АТФ рост меояд, ҳол он ки ҳангоми фотосинтез барои барқарор шудани 1 молекула CO2 3 молекула АТФ зарур аст. Мубодилаи нерӯӣ дар бисёре аз зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла дар пахта, таҳқиқ шудааст. Раванди энергетикиро дар ҳуҷайра био­кимиё, биофизика ва биологияи молекулавӣ меомӯзад. Фасли махсуси Биоэнергетика., ки бо экология ва биогеосенология наздик аст, мубодилаи моддаҳо ва энергияро дар силсилаҳои олии биологӣ — аз биотсеноз то биосфера меомӯзад.

Электроэнергетика[вироиш]

Маҷмӯи усулҳои саноатии ба даст овардани энергия аз обсабзҳое, ки махсус парвариш карда мешаванд, инчунин аз дарахтони зудсабз, пору ва диг. партовҳои чорводорӣ.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Лоуэн А. Терапия, которая работает с телом. Биоэнергетика. СПб., 2000.

Сарчашма[вироиш]