Биржаи фондии Лондон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Биржаи фондии Лондон (англ. London Stock Exchange) — яке аз биржаҳои кӯҳнатарини Аврупо ва яке аз бозорҳои машҳуртарини коғазҳои қиматнок аст. Биржаи Лондон худ ҷамъияти саҳҳомӣ мебошад, саҳмияҳои он дар худи он гардиш доранд.[1]

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Расман биржаи Лондон дар соли 1801 таъсис дода шудааст, вале таърихи аслии савдои коғазҳои қиматно дар Англия дар асри XVI оғоз ёфтааст.[2] Бидуни доштани имконияти маблағгузории сафарҳои гаронбаҳои худ ба Чин аз ҳисоби сармояи худ, ширкатҳои англисӣ, бо пайгирии модели монанд дар Антверпен, тиллоро ба ҳисоби қисми фоидаи ояндаи ширкат ҷамъ меоварданд.[3]

Дар соли 1687 понздаҳ ширкатҳо бо коғазҳои қиматноки худ дар Лондон савдо мекарданд. Дар соли 1695 онҳо аллакай тақрибан 150 ширкат буданд.[4] Дар натиҷа қисми ин саҳмияҳо фаъолона савдо мешуданд, ширкатҳои зиёд қобилияти ҳаёти худро гум карданд. Пуфаки англисии IPO-и солҳои 1690-умро бо пуфаки доткомҳои солҳои 1990-ум муқоиса мекунанд.

Индекси асосии биржаи фондии Лондон FTSE100 мебошад, ки 3 январи соли 1984 оғоз дода шудааст. Он садаи аввалини ширкатҳоро бо капитализатсияи бештар ҷамъ меоавард, ки дар биржаи фондии Лондон гардиш доранд.[5] Дар соли 2020 даромади умумии биржаи фондии Лондое £2124 миллионро ташкил дод (дар соли 2019 £2056 миллион).[6] Ба биржаи фондии Лондон то 2021 сол тақрибан 50%-и савдои байналхалқии саҳмияҳо рост меомад. Дар соли 2021 гардиши миёнаи ҳаррӯза дар биржаи фондии Лондон €8,6 млрдро ташкил дод.[7]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. London Stock Exchange Group Plc. londonstockexchange.com. 1 ноябри 2021 санҷида шуд.
  2. History of The Stock Market. bebusinessed.com. 1 ноябри 2021 санҷида шуд.
  3. La prima Borsa di Londra: Royal Exchange. londonita.com. 1 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 феврали 2017.
  4. Best United Kingdom Brokers Guide. comparebrokers.co. 1 ноябри 2021 санҷида шуд.
  5. L'indice borsistico di Londra FTSE 100. strategia-borsa.it. 1 ноябри 2021 санҷида шуд.
  6. A leading financial markets infrastructure and data provider. lseg.com. 1 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 марти 2021.
  7. Amsterdam Topples London as Europe’s Main Share-Trading Hub. bloomberg.com. 1 ноябри 2021 санҷида шуд.