Бисмили Бухороӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бисмили Бухороӣ
Қорӣ Муҳаммадсолеҳ фарзанди Ҳоҷӣ Қорӣ Мизроб
Таърихи таваллуд: 1909(1909)
Зодгоҳ: Бухоро
Навъи фаъолият: шоир

Бисмили Бухороӣ (Қорӣ Муҳаммадсолеҳ фарзанди Ҳоҷӣ Қорӣ Мизроб, 1909, Бухоро — ?) — шоири форсизабони Покистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз хонадони бозаргони сарватманд. Пас аз Инқилоби Октябр оилаи Бисмили Бухорӣ ба Кобул, сипас ба Пешовари Покистон кӯчид. Ба ғайр аз тиҷорат ба шеъру шоирӣ машғул буд ва ба забонҳои форсии тоҷикӣ, урду ва туркӣ дар навъҳои адабии маснавӣ, қасида, ғазал, рубоӣ ва ғ. шеър менавишт. Маснавие дорад бо номи «Гулшани ишрат» (1200 байт); достонеро аз англисӣ ба форсӣ баргардондааст («Савонеҳ», 1910). Дар ҳаҷв ва бадеҳасароӣ маҳорат доштааст. Номае манзум ба амири Бухоро Саййид Олимхон навиштааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]