Бисмил, Мир Юсуфхон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бисмил, Мир Юсуфхон
Мир Юсуфхон Бисмил
Зодгоҳ: Бадахшон
Таърихи даргузашт: 1725(1725)
Навъи фаъолият: шоир

Мир Юсуфхон Бисмил (? — 1725, Бадахшон) — шоири тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи маълумоти тазкираи «Ништари ишқ»-и Ҳусайнқулихони Азимободӣ ин шахс аз акобирзодагони Бадахшон, халафи Муборак Мир Имом буд. Бо волии Ҳайдаробод-Муборизхон дӯстию рафоқат доштааст. Бисмил ба қавли Ҳусайнқулихони Азимободӣ, «бисмили дашнаи хушнигоҳон буд ва маҷруҳи ханҷари мижгони дилбарон». Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳову баёзҳо ба назар мерасанд. Абёти зерин аз ӯст:

Шӯхии нахчир барҳам мезанад як домро,
То набуд абтар дили ман, зулфи ӯ абтар набуд.
                ***
Аз гардиши нигоҳе шуд нимкушта Бисмил,
Гирди сари ту гардам, як ғамза бори дигар.
                ***
Ҳайратзада чун сурати девор нишастем,
Бо ёр нишастему чи бекор нишастем.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • حسینقلیخان عظیم آبادی. نشتر عشق. دوشنبه، ۱۹۸۱

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]