Бисёркунҷа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Бисёркунҷаҳо

Бисёркунҷа — шакли ҳандасӣ (геометриявӣ, дар ҳам­ворӣ), хат­ти шикастаи сарбаста.

Порчаҳои ин хатти шикастаро тараф, охири ин порчаҳоро қуллаи бисёркунҷа меноманд. Вобаста ба шумораи қуллаҳо бисёркунҷа секунҷа, чоркунҷа ва n-кунҷа мешавад. Агар давоми тарафи дилҳоҳ бисёркунҷаро набурад, он бисёркунҷаи барҷаста ном дорад (дар расм ҳафткунҷаи бар­ҷаста). Агар ҳамаи тараф ва кунҷҳои бисёркунҷа баробар бошанд, бисёркунҷаро мунтазам меноманд (мас., квадрат, секун­ҷаи баробартараф ва ғ.). Ҳосили ҷамъи кунҷҳои дарунии Бисёркунҷаи бар­ҷаста ба 180°•(k — 2) баробар аст (k — шумораи тарафҳо).

Муҳаққиқони қадим бисёркунҷаҳои мунтазамро бо истифодаи хаткашак ва паргор танҳо дар сурати k =3•2m, 4•2m, 5•2m, 3•5•2m (m- адади бутуни мусбат ё сифр) будан сохта метавонистанд. Риёзи­дони олмонӣ К. Гаусс исбот кард (1801), ки агар шумораи тарафҳо k =2m•P1•P2•… Pе бошад (дар ин ҷо P1, P2,…,Pе ададҳои гуногуни соддаи намуди P =22S+1, s-адади бутуни мусбат), бисёркунҷаи мунтазамро низ бо истифодаи паргор ва хаткашак сохтан мумкин аст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]