Битум

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Bitumen2.jpg

БЍТУМ (аз лот. bitumen – зифти кӯҳӣ, нафт), қир, маҳсулоти сахт ё қатронмонанд, ки аз омехтаи карбогидридҳо ва маҳсули нитрогенӣ, оксигенӣ, сулфурӣ ва филизздор иборат мебошад.

Битум дар об ҳал намешавад, дар бензол, хлороформ, карбонати сулфур ва дигар ҳалкунандаҳои органикӣ пурра ё қисман ҳал мешавад; зичиаш 950–1500 кг/м³. Битум табиӣ ва сунъӣ мешавад. Битуми табиӣ маъдани муфиди органикӣ буда, асосаш карбогидрид мебошад. Ба ин навъи Битум маҳсулоти табиии нафт дохил мешавад, ки дар сурати вайрон шудани қоидаҳои нигоҳдории конҳои он ва дар натиҷаи оксидшавии кимиёӣ ё биокимиёӣ ба вуҷуд меояд. Аз рӯйи таркиб, ки асосаш нафт мебошад ва аз ҷиҳати табдилот ба якчанд синф: малтаҳо, асфалтҳо, киритҳо ва антраксолитҳо тақсим мешавад. Одатан, аз кони кушод ё пӯшида истихроҷ мекунанд. Битуми сунъӣ (техникӣ) боқимондаи маҳсулоти коркарди нафт, ангиштсанг ва абрақ мебошад. Битумҳои табиӣ худ чун нафт ё газ маҳсулоти молӣ нестанд. Барои аз онҳо ҳосил кардани маҳсулоти молӣ равандҳои технологии иловагӣ заруранд. Ба сифати маҳсулоти молии коркарди Битумҳои табиӣ «нафти синтетикӣ» – навъи ашёи хомеро муоина кардан мумкин аст, ки нафти табииро иваз мекунад. Ғайр аз ин, Битмҳои табиӣ чун маъдани муфиди бисёртаркиба ба замми карбогидридҳо дар таркибашон бисёр вақт кислотаҳои нафтдор, кислотаҳои сулфат, эфирҳои сода ва мураккаб, сулфур, филиззоти рангаи нодир (ванадий, никел, рений) доранд. Дар Битумҳои табиӣ, ки истихроҷи саноатии онҳо муфид мебошад, миқдори камтарини ванадий 120 г/ т ва никел 50 г/т-ро ташкил медиҳад. Битумро дар роҳсозӣ, тайёр кардани масолеҳи изолятсионӣ, компаундҳо, пластмассаҳо, локҳо ва ғ. истифода мебаранд.

Манбаъ[вироиш]

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2