Бифазилати Хуҷандӣ
Зоҳир
Таърихи таваллуд: | 1862 |
---|---|
Зодгоҳ: | Хуҷанд |
Таърихи даргузашт: | 1929 |
Навъи фаъолият: | шоир |
Бифазилати Хуҷандӣ (1862, Хуҷанд — тақр. 1929) — шоира ва ҳунарманди тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар оилаи зиёӣ таваллуд ёфтааст. Модараш — Хайруннисо шоира буд. Дар айёми хурдсол буданаш падару модараш даргузаштанд. Аз ҳунари кашидадӯзӣ касби маош мекард. Сӯзаниҳои дӯхтааш дар Хуҷанд машҳур буданд ва ӯро «Бибиотуни қаламкаш» мегуфтанд. Ба шеъргӯӣ аз хурдсолӣ шурӯъ кард. Аз ӯ дафтари ашъор боқӣ мондааст, ки онро муҳаққиқи зиндагию эҷодиёти шоираҳои Хуҷанд Эргашалӣ Шодиев дастрас кардааст. Ба ғайр аз ин, Бифазилати Хуҷандӣ шеърҳои модарашро дар се дафтар ҷамъ оварда будааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бифазилати Хуҷандӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Худжанд (Энциклопедия). Д., 1999.