Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Бифидобактерияҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бифидобактерияҳо
Таснифи илмӣ
Lua error in Модул:Taxonomy/classification at line 72: attempt to concatenate a boolean value.
Номи илмӣ
ХАТО
Параметри лотинӣ набояд холӣ бошад

Бифидобактерияҳо (лот. Bifidobacterium) — микробҳое, ки флораи асосии кӯдакони ширмак ва ҷавонаҳои ҳайвонот дар давраи ширхорӣ мебошанд.

Бифидобактеияҳо микробҳои чӯбчашакл (дарозиашон 2-5 мкм) буда, спора ҳосил намекунанд. Бифидобактеряҳои рӯда аҳаммияти бузург доранд, зеро онҳо афзоиш ва инкишофи микробҳои гуногуни бемориоварро боздошта, барои ҳазми карбогидратҳо мусоидат менамоянд. Рушди Бифидобактеряҳои ба мавҷудияти кислотаҳои парааминобензоат ва пантотенат вобаста аст. Бифидобактеряҳои витамини гурӯҳи В (В1, В2 ва ғайра) ва К ҳосил мекунанд. Баъди ба анҷом расидани давраи синамаконӣ бифидофлора ба микрофлораи муқаррарӣ иваз мешавад.