Биёбонзоӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нақшаи осебшиносии ҷаҳонии биёбонзоӣ

Биёбонзоӣ[1], ё биёбонишавӣ — навъе аз тахриби замин аст, ки дар он минтақае бо заминҳои тақрибан хушк, ба таври физояндае хушк ва нокорам мешавад, маъмулан чунин минтақае об, пӯшиши гиёҳӣ ва ҳаёти ваҳшашро аз даст медиҳад. Омилҳои гуногуне монанди тағйири иқлим ва фаъолиятҳои инсонӣ дар ин бора муассиранд. Биёбонишудан яке аз масоили қобили мулоҳизаи бумшиносӣ ва зистмуҳитӣ дар ҷаҳон аст.

Биёбонзоӣ дар Тоҷикистон[вироиш | вироиши манбаъ]

Тибқи гуфтаи СММ дар зарфи 20 соли охир дар Тоҷикистон 70 фоизи ҷангалҳо нобуд шудаанд. Гуфта мешавад, ба далели камбуди шадиди нерӯи барқ ва маҳсулоти нафтӣ сокинони ин кишвар маҷбур шудаанд, барои гарм кардани манзил ва пухтани ғизо дарахтонро бибуранд[2].

Ҳамасола дар ҷаҳон ба ҳисоби миёна 1 дар сади майдони ҷангал коҳиш меёбад. Ба гуфтаи донишмандони муҳити зист дар зарфи 200-300 соли ахир 9 дар сади майдони ҷангалҳои ҷаҳон нобуд шудаанд. Сабаби асосии нобуд шудани ҷангалҳо дар Тоҷикистон камбуди нерӯи барқ ва сӯзишвории минералии гоз, ангишт ва маҳсулоти нафтӣ мебошад[2].

Дар манотиқи дигари Тоҷикистон ҳудуди 30 то 40 ҳазор ҳектор биёбон мавҷуд аст. Ин як ҳолати табиъӣ аст. Тибқи Барномаи мубориза бар зидди биёбонзоӣ дар Тоҷикистон, ҳудуди 90 дар сади заминҳо ба ин ё он навъи биёбоншавӣ дучор шуда ва ҳамасола то ба 50 ҳазор ҳектор замин хатари биёбоншавӣ таҳдид мекунад[2].

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Биёбонзоӣ чист? Маънои вожаи биёбонзоӣ(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 17 июни 2019 санҷида шуд.
  2. 2.0 2.1 2.2 Мардони Муҳаммад. Хатароти биёбоншавӣ дар Тоҷикистон(тоҷ.). BBC Tajik/Persian. Би-би-сӣ, Душанбе. 17 июни 2019 санҷида шуд.