Благовешенск
Шаҳр | |||||
---|---|---|---|---|---|
Благовешенск русӣ: Благове́щенск | |||||
![]() Бинои ҳуқумати вилояти Амур. | |||||
|
|||||
Кишвар | Русия | ||||
Координатаҳо | 50°15′28″ а. шим. 127°32′11″ т. ш.HGЯO | ||||
Роҳбар | Валентина Сергеевна Калита[d] | ||||
Номи қавмӣ | благовешенсӣ, благовшенсиҳо | ||||
Коди телефон | 4162 | ||||
Сайти расмӣ | admblag.ru | ||||
Ҷоизаҳо |
![]() |
||||
Благовешенск (русӣ: Благове́щенск) — шаҳр дар Русия, маркази маъмурии вилояти Амур.
Ҷуғрофиё[вироиш | вироиши манбаъ]
Дар қисми ҷан. ғарбии дашти байни деҳаҳои Зея ва Бурея, дар соҳили дарёи Амур ва резишгоҳи дарёи Зея ҷойгир аст. Бандари дарёӣ ва аэропорти байналмилалӣ дорад. Аҳолиаш 219861 нафар (2010). Масоҳ. 320,97 км². Истгоҳи охирини роҳи оҳани Белогорск-Сибир (Транссибир). Маркази роҳҳои автомобилии Белогорск, Свободний, Завитинск, Райчихинск буда, тобистон гузаргоҳи киштиҳои Благовешенск — Хэйхэ (Хитой) фаъол мешавад ва рафтуомад барои ин ду шаҳр бе раводид (виза) сурат мегирад. Благовешенск соли 1856 ҳамчун дидбонгоҳи ҳарбии Уст-Зея бунёд ёфта, соли 1858 ба шаҳр табдил ёфт. Ба шарафи калисои Благовешения номгузорӣ шудааст. Солҳои 1920-26 маркази губ. Амур, 1926-32 маркази округи Амур дар ҳайати кишвари Шарқи Дур (аз 1938 кишвари Хабаровск). Аз 1948 маркази мустақили вилояти Амур.
Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]
Благовешенск маркази серсоҳаи саноати кишвар аст; корхонаҳои бузургаш: з-дҳои «Амурский металлист» (аз 1893, истеҳсоли таҷҳизот барои истихроҷи маъдан ва тило), киштисозӣ (аз 1887), «Амурэлектроприбор». Истеҳсоли таҷҳизоти электротехникӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ (коркарди рустаниҳои лӯбиёӣ ва нӯшобаҳои спиртӣ), саноати коркарди чӯбу тахта ба роҳ монда шудааст. Дар Благовешенск Донишгоҳи давлатии Амур, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Благовешенск, донишгоҳи аграрӣ ва Институтинизомии Шарқи Дур, академияи тиббӣ, 15 мактаби касбию миёна, Институтитаҳқиқоти илмии Амур, Маркази илмии физиология ва паталогияи роҳҳои нафас, осорхонаи кишваршиносӣ (1891), театрҳои драмавӣ (1883) ва лухтак фаъолият доранд. Дар ох. с-ҳои 40 садаи 20 дар Благовешенск скелети динозавр ёфт шудааст.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Благовешенск // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.