Блок (сохтмон)
Блок — ҷузъи меъморию монтажкорӣ, қисми бинои сохташаванда.
Блокҳо дар сохтмони биноҳои маъмурию маданӣ, истиқоматӣ ва хонаҳои махсус кор фармуда мешаванд. Блокҳои девор ваблокҳои насбшудаи бузург бештар маъмуланд. Блоки девор шакли параллелепипед (шакли шашрӯя, ки ҳама рӯяҳои ба якдигар муқобили он ба ҳам баробар ва мувозианд)-и росткунҷаро дорад. Инчунин блокҳо дарунхолию пур мешаванд, аз бетони сабук, вазнин ва ғ. таркиб меёбанд. Блокҳои сафолӣ ва силикатию бетонӣ низ мавҷуданд. Блокҳои девор дар навбати худ ду хел мешаванд: Блокҳои хурд (хиштҳои бузург) ба андозаи 19 х 19 х 38 см, ки бештар барои сохтмони биноҳои 2-3-ошёна ва блокҳои калон, ки барои биноҳои серошёна таъйин шудаанд. Блокҳои насбшудаи бузург аксаран дар сохтмони манзилгоҳҳо истифода мешаванд. Чунин блокҳо суръати сохтмонро метезонанд, зеро 75-80 дарсади кор дар худи заводҳо ба анҷом расонда мешавад. Блокҳои бузург аз оҳану бетон, филизз, чӯб, пластмасса сохта мешаванд. Блокҳои оҳану бетонӣ аз ҳама маъмултаранд. Андозаи блокҳоро вобаста ба калонӣ ё хурдии бино муайян мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Блок // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.