Блохман
Блохман Ҳайнриш (Ҳенри) Фердинанд | |
Таърихи таваллуд | 8 январ 1838 |
Зодгоҳ | Дрезден |
Таърихи даргузашт | 13 июн 1878 (40 сол) |
Фазои илмӣ | шарқшинос |
Блохман Ҳайнриш (Ҳенри) Фердинанд (8.1.1838, Дрезден — 13.6.1878, Калкутта) — шарқшиноси олмонӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1855-57 дар Донишгоҳи Лейпсиг забонҳои шарқиро омӯхт. Ба Париж ва аз он ҷо ба Лондон рафта ба қасди сафар ба Ҳиндустон ба хидмати артиши Англия дохил шуд. Соли 1858 ба Ҳиндустон расид. Дар ин ҷо хидмати аскариро тарк кард ва дар мадрасаи Калкатта ба тадриси забонҳои форсӣ ва урду машғул шуд (1862-65). Соли 1865 Донишгоҳи Калкуттаро хатм намуда, боз ба мадраса омад ва с. 1875 мудирии онро ба уҳда гирифт. Ба ғайр аз кори мудирӣ Блохман. дар Анҷумани осиёии Бангола дабири бахши филология ва матншиносӣ буд.
Блохман ба масъалаҳои фарҳангнигорӣ (рисолаи «Навиштаҳое дар бораи фарҳангнигории форсӣ», дар «Нашрияи анҷумани осиёии Бангола», шумораи 73, с. 1869, саҳ. 1- 72), гӯишҳои форсӣ дар Ҳиндустон, арӯзу қофияи форсӣ (китоби «Арӯзи эрониён» дар асоси навиштаҳои Сайфии Арӯзӣ ва Абдурраҳмони Ҷомӣ омода гардида буд, китобҳои ононро с. 1872 дар Калкатта бо тасҳеҳот ба табъ расонида буд) ва ғ.-ро таҳқиқу баррасӣ менамуд.
Яке аз корҳои бениҳоят муҳим ва арзишманди Блохман тасҳеҳ ва чопи матни форсии «Оини Акбарӣ»-и Абулфазли Алломӣ (Калкутта, 1867-77) ва баргардони ҷ. 1 он ба забони англисӣ бо ҳошияҳо ва таълиқоти олимона (Калкутта, 1879) мебошад. Блохман оид ба таъриху ҷуғрофиёи Бангола мақолаҳои фаровон ва рисолае бо номи «Муқаддимае бар таърих ва ҷуғрофиёи Бангола» (Калкатта, 1868) нигоштааст. Блохман бо донишманди Ҳиндустон Оқо Аҳмадалӣ (1839-73)робитаи дӯстӣ дошт. Пас аз вафоти ин шахс тазкираи нотамоми ӯ — «Ҳафт осмон»-ро ба табъ расонид.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Блохман Ҳайнриш (Ҳенри) Фердинанд / М. Диловаров. // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.