Блюминг
Зоҳир
Блюминг (аз англ. blooming), блуминг — дастгоҳи прокати сермаҳсул, ки сабикаҳои пӯлодини вазнашон то 2 т ва зиёда аз онро фишурда, ба блюм (маҳсулоти нимтайёри истеҳсолоти филиззот — масолеҳи пӯлодии чоркунҷа) табдил медиҳад.
Блюминг дар зодҳои коркарди филиззот дар байни сехи пӯлодгудозӣ ва сехи прокат, ки маҳсулоти тайёр мебароранд, зинаи мобайнӣ аст. Блюминг дунаварда ва сенаварда мешавад. Истифодаи Блюминг барои ба порчаҳои калонкалон рехтани пӯлод ва беҳтар шудани сифати прокат имкон фароҳам меорад. Бори аввал Блюмингро А.Холлей (1871) дар ИМА истифода кардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Блюминг // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.