Бободӯсти Торамӣ
Зоҳир
форсӣ: بابادوست طارمی | |
Зодгоҳ: | Торам |
Навъи фаъолият: | шоир |
Бободӯсти Торамӣ (форсӣ: بابادوست طارمی) — шоири форсизабони Ҳиндустон (а. 16).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Нисбаи Торамӣ ишора ба ватани аҷдодаш — Торам — мавзее дар шимоли шаҳри Занҷони Эрон аст. Дар ш. Машҳад таҳсил карда, ба камол расидааст. Аз Машҳад ба Ҳиндустон сафар кард ва ба дарбори ҳукмрони ин кишвар Ҳумоюн (ҳукмр. 1532-56) роҳ ёфт. Ҳамроҳи Ҳумоюн ба Эрон омада будааст. Аз девонаш иттилое дода нашудааст. Дар тазкираҳо аз эҷодиёташ намунаҳо оварда шудаанд. Абёти зерин аз ӯст:
Фарёд, ки бо аҳли вафо ёр ҷафо кард,
Афсӯс, ки қатъи назар аз суҳбати мо кард.
Бо рӯйи чу гул ойинаи бебасарон шуд,
Қатъи назар аз суҳбати арбоби вафо кард.
***
Маҳ аст рӯйи ту ё офтоб, аз ин ду кадом аст?
Бунафша мӯйи ту ё мушки ноб, аз ин ду кадом аст?
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- أحمدگلچینمعانی. کاروانهند. ج. ۱. مشهد،۱۳۶۹هـ. ش؛
- دانشنامۀأدب فارسی. أدبفارسیدرشبهقاره. بخش۱. تهران،۱۳۸۰هـ. ش
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бободӯсти Торамӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.