Бобокалон, Мирзо Ризо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бобокалон, Мирзо Ризо

Мирзо Ризо Бобокалон (соли тав. ва ваф. номаълум) — хаттоти тоҷик (а. 19).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар гузари Масҷиди Сафеди Истаравшан таваллуд шуда, дар мадрасаи Кӯкгунбази ҳамон ҷо таҳсили илм намудааст. Хаттотиро аз Мирзошарифи Дабир омӯхтааст. Хатҳои сулс, насх ва настаълиқро зебо менавишт. Дар Истаравшан ва Хӯқанд як қатор асарҳоро китобат кардааст. Бобокалон маснавии «Таърихи султонӣ»-ро, ки Абдулвосеъ Манзур ба хони Хӯқанд – Худоёрхон бахшидааст, соли 1870 бо хатти настаълиқ китобат намудааст. Ин китоб аз 143 варақ иборат буда, таҳти рақами 9293 дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии ба номи А. Берунии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфуз аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]