Бобонарак
Бобонарак | ||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||
Ephedra ciliata | ||||||||||||
|
Бобонарак (лот. Ephedra ciliata), бандак — рустаниест печактана.
Тавсифоти гиёҳшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Танааш хокистарранг (қутраш то 10 см, баъзан зиёдтар), навдаҳояш банд-банди ресмоншакл, луч, сабзи кушод, дарозиашон то 6 м; ба буттаю дарахтони дигар (писта, бодом) мепечанд. Баргаш сегӯшаи хормонанд (дарозиаш то 4 см). Мевааш як ё дутухма. Тухмаш (дарозиаш то 0,8 см) паҳни барҷаста, байзашакл, ҷигарранги ҷилодор. Дар табиат аз тухм зиёд мешавад. Дар 3-солагӣ гул мекунад. Давраи гулшукуфташ 45 рӯз. Одатан дар бешазори гармсери қаторкӯҳи Зарафшон ва мавзеъҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ (дар баландии 400–1800 м аз с. б.) мерӯяд. Буттаи онро барои сабзкории шаҳру деҳот тавсия додаанд.
Гиёҳшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бобонарак рустании доруист. Шохчаи сабзи онро ҳангоми дарди пой, тарбод ва касалиҳои пӯст тарбандӣ мекунанд. Бобонарак 0,2–0,4% алкалоид (эфедрин ва псевдоэфедрин), моддаҳои даббоғӣ ва ғ. дорад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бобонарак // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.