Бобопирак
Бобопирак | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Clematis.
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Clematis orientalis L. | ||||||||||||||||
|
Бобопирак (лот. Clematis orientalis) — рустаниест печактана.
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дарозии танааш 4—12 метр. Пояаш борики сербанд, хокистарранги кушод, одатан хамида. Баргаш сабзи кушод, пармонанди думчадароз. Баргҳои якумаш яклухт, баргҳои минбаъдааш дандонадор мешаванд. Гулаш зардтоб, хӯшагулаш ҷорӯбак, дар бағали баргҳо ҷой гирифтааст. Мевааш сертухм. Нимаи дуюми моҳи март барг мебарорад, август—октябр шукуфта тухм мебандад. Дар табиат аз тухм афзоиш меёбад. Навдаҳои борику дарози бобопирак ба рӯи сангҳо паҳн мешаванд, ба шохи дарахтон часпида, то нӯги онҳо мепечанд.
Густариш
[вироиш | вироиши манбаъ]Бобопирак дар Тоҷикистон қариб дар ҳама ҷо (қаторкӯҳҳои Қурама, водии дарёи Сир, қаторкӯҳҳои Туркистону Зарафшон, нишеби қаторкӯҳҳои Ҳисор, Пётри I, Қаротегину Дарвоз, Рангон, Ғозималик, водии дарёи Ванҷ, қаторкӯҳҳои Рӯшону Шохдара ва ғайра) паҳн гардидааст. Одатан дар баландиҳои 400—2500 м аз сатҳи баҳр (баъзан то 4000), дар тӯғайзор, бешазори дарахтони паҳнбарг, арчазор, якҷоя бо дарахтони бед, сафедор, тӯс, ангат ва ғайра мерӯяд.
Корбурдҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Барои сабзкории шаҳру ноҳияҳо истифода мешавад.
Заҳрнокӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бобопирак рустании заҳрнок аст; баргҳои тару тозаи он пӯстро месӯзонанд. Мавсими беҳтарини кишти бобопирак баҳор ё тирамоҳ мебошад. Ниҳоли 2, 3 ё 4-солаашро ба ҷои доимӣ кӯчат мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Запрягаева В. И. Лесные ресурсы Памиро-Алая. Л., 1976.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бобопирак // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.