Бобохон Маҳмадов
Таваллуд |
8 июл 1950 (74 сол) |
---|
Бобохон Алиевич Маҳмадов (8 июли 1950, деҳаи Куҳнабалҷувон, ноҳияи Данғара) — рӯзноманигор ва давлатмарди тоҷик, номзади илмҳои фалсафа (1998), узви Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон (1989).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Бобохон Маҳмадов 8 июли соли 1950 дар деҳаи Куҳнабалҷувони ноҳияи Данғараи ба дунё омадааст[1].Солҳои 1968—1979 дар шуъбаи китобшиносии Ҳунаристони кооперативии шаҳри Душанбе, солҳои 1971—1975 дар шуъбаи ҳуқуқшиносии Университети марксизм-ленинизми назди КМПК Тоҷикистон таҳсил кардааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Сардори шуъбаи матбуот ва намоиши китоби Кумитаи матбуоти Тоҷикистон дар солҳои 1975—1977. Муовини сардори Иттиҳодияи Ҷумҳуриявии савдои китоб дар солҳои 1977—1982. Раиси Комиссиуни чопи китобҳо дар солҳои 1982—1990. Сардори Иттиҳодияи Ҷумҳууриявии савдои китоб дар солҳои 1982—1989. Таҳсил дар факултаи таъриху ҷомеашиносии Институти Давлатии педагогии ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко дар соли 1983. Муовини авали Раиси Кумитаи Давлатии матбуоти Тоҷикистон дар солҳои 1989—1990. Узви Кумитаи Конфедератсияи байналмиллалии Иттиҳоди журналистон ва Мизи мудаввари доимамалкунандаи журналистони Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ дар соли 1990. Раиси Кумитаи Давлатии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1990—1992. Вазири матбуот ва ахбори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1992—1994. Соли 1994 Рисолаи «Тоҷикистон»-ро интишор менамояд. Вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1994—1997. Раиси комиссиуни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои Юнеско дар соли 1998.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аълочии матбуоти СССР (1982)
- ҷоизаи Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ мегардад (1997)
- ордени «Шараф» (1998).
- медали «Астана» (1999, Қазоқистон)
- медали Хадамоти Федералии Сарҳадии Русия (2000).
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ…»
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Аниса Набиева. 70 соли Бобохон Маҳмадов. Китобхонаи миллии Тоҷикистон (8 июли 2020).