Jump to content

Бобоҷони Ҳиротӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бобоҷони Ҳиротӣ
Навъи фаъолият: шоир

Бобоҷони Ҳиротӣ ибни Абдулваҳҳобхоҷа (форсӣ: باباجان هراتی‎) — шоири тоҷик (а. 16). Ба забони туркӣ низ шеър мегуфтааст.

Мувофиқи маълумоти «Музаккиру-л-аҳбоб»-и Хоҷа Ҳасани Нисории Бухороӣ ӯ яке аз ашхоси муътабари Балх буда, аз илму фазоили мутадовила огоҳии комил доштааст. Дар татаббуи «Махзану-л-асрор»-и Низомии Ганҷавӣ маснавие бо номи «Мақсаду-л-атвор» навишта буд. Қасида, ғазал, рубоӣ низ гуфтааст.

  • نثارئ بخارای. مذکر الاحباب. حیدرآباد، ۱۳۸۹ هـ. ق