Бобоҷон Ҳасанов
Бобоҷон Ҳасанов | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 10 марти 1947 |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 23 апрели 2025 (78 сол) |
| Кишвар | |
| Пеша(ҳо) | ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи синамо, овозхон |
| Ҷоизаҳо | |
Бобоҷон Ҳасанов (10 марти 1947, деҳаи Саризиндон, ноҳияи Балҷувон — 23 апрели 2025[1]) — ҳунарпеша ва овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1987), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2011).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии ш. Душанбе (1967) ва факултаи санъати Институти давлатии педагогии ш. Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) (1972) мебошад. Солҳои 1972—2001 актёр, коргардон ва сарояндаи Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Кӯлоб буд, аз соли 2001 дар Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи Лоҳутӣ кор мекунад.
Театр
[вироиш | вироиши манбаъ]Беш аз 100 нақш дар спектаклҳо бозидааст, ки аксаран асосӣ ва ҳамагӣ табиӣ, самимию ҷаззобанд. «Ҳуррият», «Робияи Балхӣ», «Табиби зӯракӣ», «Айбномаи хотимавӣ», «Карим-Девона», «Восеъ», «Дар чорсӯ», «Мири Кабир», «Заволи Чамбули Мастон», «Офарин Шерак», «Шамшер ва рангинкамон», «Раиси 13-ум», «Зани оҳанин», «Сафар Амиршоев», «Фишор» аз зумраи намоишномаҳоанд, ки ҳунари номрафта дар онҳо бештар зуҳур намудааст.
Овозхонӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ҷодаи сарояндагӣ низ пештоз мебошад, як силсила таронаҳои дилкаш — «Бишкан», «Бӯса ба дарё задам», «Суруди сулҳ», «Ҳадиси лаб», «Тоҷикистон», «Падар», «Чароғи назар», «Кӣ хоҳад шуд», «Шохи гул», «Ватан» ва ғайра ба мусиқии тоҷик ҳадя намудааст. Ровии хубест, хонишҳои бадеиаш таъсирбахш, буррою самимианд.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Бобоҷон Ҳасанов 23 апрели 2025 дар 77-солагӣ бар асари бемории тӯлонӣ даргузашт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Бобоҷон Ҳасанов ҳам моро тарк кард. Фараҳ (24 апрели 2025). 8 июли 2026 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
- Зодагони 10 март
- Зодагони соли 1947
- Зодагони вилояти Хатлон
- Даргузаштагони 23 апрел
- Даргузаштагони соли 2025
- Ҳунарпешагони хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон
- Ҳунарпешагони мардумии Тоҷикистон
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Зодагони ноҳияи Балҷувон
- Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ