Ноҳияи Балҷувон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ноҳияи маъмурӣ
Ноҳияи Балҷувон
37°48′ с. ш. 69°38′ в. д.HGЯO
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи Вилояти Хатлон
Шомили 5 ҷамоат
Маркази маъмурӣ деҳаи Балҷувон
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 16 марти соли 1938
Масоҳат 1326 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 32700[2] нафар (2022)
Зичӣ 20,2 нафар/км²
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонон: суннӣ-ҳанафӣ
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа BA
Рамзи ISO 3166-2 TJ.KL.BA
Коди телефон +992 3357
Нишонаи почта 735140
Домени интернет .tj
Коди мошинҳо TJ03
Вебгоҳи расмӣ
Ноҳияи Балҷувон дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ноҳияи Балҷувóн (форсӣ: ناحیۀ بلجوان‎) — ноҳия дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон. 23 ноябри 1930 таъсис ёфта буд. 15 ноябри 1954 барҳам дода, ҳудуди маъмурии он ба ноҳияҳои Совету (Темурмалик) ва Ховалинг ҳамроҳ карда шуд. Бо Қарори Маҷлиси Олии ҶТ, № 245, аз 2 феврали 1996, дувумбора таъсис дода шуд. Маркази ноҳия — деҳаи Балҷувон.

Масоҳаташ 1326 км². Аз маркази ноҳия то маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар 127 км, то шаҳри Душанбе 175 км. Қаблан дар қисми он ноҳияи Сари-Хосор ҷойгир буд.

Ҷойгоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ноҳияи Балҷувон дар қисмати шимолу шарқии Тоҷикистон ҷойгир буда, аз шимол бо ноҳияи Нуробод, аз ғарб бо шаҳрҳои Роғуну Норак ва ноҳияи Файзобод, аз шарқ бо ноҳияи Ховалингу Кӯлоб, аз ҷануб бо ноҳияи Темурмалику Восеъ ҳамсарҳад аст.

Ҷуғрофиё[вироиш | вироиши манбаъ]

Ноҳия аз сатҳи баҳр дар баландии 1400—1500 м ҷой гирифтааст. Дар ҳудуди ноҳия дарёҳои Сурхоб, Тира, Оби Мазор, Талхак, Кириксой ва қариб 200 чашмаи шифобахш мавҷуданд, ки як қисми онҳо барои обёрии заминҳои корам истифода мешаванд.

Сарватҳои зеризаминӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарватҳои зеризаминиаш: ангиштсанг, нафт, газ, руҳ, сурб ва ғайра. Хоки заминҳои водӣ хокистарранги тира, хоки кӯҳҳо дорчинии карбонатдор ва дорчинии муқаррарӣ.

Олами наботот[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Балҷувон асосан рустаниҳои хосси даштҳои кӯҳӣ мерӯянд. Набототи кӯҳу дараҳо аз рустаниҳои доруӣ (145 навъ), асаловар (47 навъ), ғизоӣ (107 навъ), анҷибар (117 навъ), дарахтони себ, мурӯд, олуча, бодоми талхак, дӯлона, писта, инчунин дарахтони чинор, бед, буттаҳои зирк, настаран, ангат ва ғ. иборат аст.

Олами ҳайвонот[вироиш | вироиши манбаъ]

Олами ҳайвоноташ гуногун: дар кӯҳу водиҳо бузи кӯҳӣ, гург, қутос, хирс, гуроз, ҷайра, рӯбоҳ, паланг, гавазн, заргӯш, морҳои обӣ, гурза, калтакалос, аз парандагон мурғи ҳилол, кабки дарӣ, гунҷишк, кабӯтар, турна, зоғ, булбул ва ғ. дучор мешаванд.

Иқлим[вироиш | вироиши манбаъ]

Иқлимаш континенталии миёна: тобистонаш гарм, зимистонаш муътадил. Ҳарорати миёнаи январ +3,1°С (аз +0,8 то −12°С), июл — аз 14,2 то 28,4°С. Боришоти миёнаи солона (дар водиҳо) 767 мм.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Диёри Балҷувон — як гӯшаи офтобию биҳиштосои Тоҷикистони азиз мебошад. Балҷувон дар гузашта яке аз қадимтарин ва калонтарин вилоятҳо дар аморати Бухоро буд. Бозёфтҳои таърихшиносӣ дар мавзеҳои гуногуни ин диёри бостонӣ шаҳодат медиҳанд, ки ин сарзамин дар ҳудуди Бохтар дохил буд. Дар сарчашмаҳои қадима Бохтарро сарзамини 100 шаҳр ва маркази он Балхро модари шаҳрҳо номидаанд. Балҷувон, ки вориди ҳудудҳои Бохтар буд, аз ин лиҳоз дар байни олимону донишмандон дар хусуси пайдоиши этимологияи номи Балҷувон ақидаҳои ҳархела то ҳол маҳфуз мебошад. Ба ақидаи муйсафедони рӯзгордидаю донишмандони таҳҷоӣ, Балҷувон аз ду вожжа «Бале» ва «Ҷавон» бармеояд. Яъне маънояш Бале-ҷавон аст. Сайдаҳтам Юнусов, Ҷонибеки Асрориён дар китоби худ «Авроқи рангини Кӯлоб» ва корманди академияи улуми Тоҷикистон Ҷумъахон Алимӣ мутахассиси соҳаи луғатшиносӣ дар чунин ақидаанд, ки Балҷувон шакли вайроншудаи вожаи Балхиён аст. Балҷувон чун вилояти мустаъқил дар давраҳои бекигарии Сарахон (1856—1870) ба аморати Бухоро ҳамроҳ буда, ба воситаи дарёи Вахш бо Ҳисор ҳамсарҳад буд. Ба ҳайати бекигарии Балҷувон ҳудуди ноҳияҳои ҳозираи Данғара, Темурмалик, як қисми Восеъ, Ховалинг, Кангурт, Сари Хосор, Ҷорубқул ва Тутқавул дохил мешудаанд. Мувофиқи маълумоти сайёҳи рус Покатило соли 1886 дар 15 амлоки бекигарии Балҷувон 20 ҳазор хоҷагӣ мавҷуд буд, ки 60 ҳазор аҳолӣ дошт ва дар ибтидои асриXIX чун вилояти мустақил танга сикка мезад. Бо бекҳои Ҳисор, Дарвоз ва Қаротегин робитаи тиҷоратӣ дошта, ба бозорҳои он аз Туркистон, Ҳиндустон, Афғонистон ва Россия маҳсулот оварда мешуд. Аз солҳои 1870 то1901 бештар аз 15 экспедитияҳои татқиқотӣ барои муайян намудани металҳои қимматбаҳои Хатлонзамин ташкил карда шуда буд. Экспедитсияи татқиқотчиён муайян карданд, ки дар ин вилоят на танҳо тило, нуқра ва мисс балки боз конҳои ангиштсанг, сурб, намак, курғошим, нафту газ маҳфуз аст.

Даврони Шӯравӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз 20 марти соли 1921 дар Балҷувон Ҳукумати Шӯравӣ барқарор карда шуда буд. Дар байни ноҳияҳои Хатлонзамин, Балҷувон яке аз ноҳияҳои аввалин ба ҳисоб меравад, ки ҳанӯз 23 ноябри соли 1930 он ҳамчун ноҳия таъсис ёфта буд. Он вақт бо Фармони Презедиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон деҳшӯроҳои зерин ба ҳайати ноҳияи Балҷувон шомил гардида буданд: Балҷувон, Саталмуш, Садайбарда, Дараи Калот, Хам, Дашти Гулҳо, Дектур, Афардӣ, Дошмандӣ ва Хазлаат. Дар ҳудуди ноҳия 260 деҳаҳои аҳолинишин мавҷуд будааст.[3]

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Балҷувон бахше аз вилояти Кӯлоб гардид ки то соли 1929 вуҷуд дошт. Вилояти Кӯлоб дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1931 округи Кӯлоб барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеъи ҷумҳурӣ шуд. Ноҳияи Балҷувон расман дар 16 марти соли 1938 дар бахше аз вилояти Кӯлоб дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст. Аз ин шумора дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 7696 нафар ба фронт рафта аст, ки аксарияти онҳо дар ҷанг шаҳид гаштаанд. Аз ин сар-замини кӯчаки Балҷувон сазовори номи Олии Қаҳрамони иттиҳоди Шуравӣ шудани 3 нафар фарзандони ҷигарбанди он Саидқул Турдиев, Исмат Шарипов ва Сафар Амиршоев корнамоии фаромушнашуданист.[3]

Мардум[вироиш | вироиши манбаъ]

Бар пояи омори соли 2016, ноҳияи Балҷувон 26,7 ҳаз. тан ҷамъият дошт[4]. Аҳолиаш асосан тоҷикон. Зичии аҳолӣ дар 1 км² 20,2 нафар. Мардуми Балҷувон ба яке аз гӯишҳои забони тоҷикӣ сухан мегӯянд.

Сол 2012 2014 2015 2016 2019 2020 2021 2022
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
27,9 26,6 27,2 26,7 29,6 30,4 31,9 32,7

Бахшбандӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Балҷувон 5 ҷамоат дорад:

Ҷамоатҳои ноҳияи Балҷувон[5]
Ҷамоат Аҳолӣ
Балҷувон 3660
Сайф Раҳим 5219
Сари Хосор 4218
Сафар Амиршоев 3614
Тоҷикистон 3775

Ҳукумат[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарвари ноҳияи Балҷувон Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳия — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Иқтисодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Кишоварзӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ноҳия минтақаи аграрист, соҳаи асосии хоҷагӣ кишоварзӣ буда, чорводорӣ, рустанипарварӣ, боғдорӣ ва занбӯрпарварӣ ҳам ривоҷ ёфтааст. Балҷувон дорои 4518 га замини корам, аз ҷумла, 68 га замини обист, ки барои парвариши картошкаву сабзавот, меваву ангур, ҷуворимакаву ғалла мувофиқ мебошад. Дар ноҳия 1 хоҷагии давлатии зотпарварӣ, 2 хоҷагии ҷангал, 8 хоҷагии деҳқонии коллективӣ, 238 хоҷагии дехқонии инфиродӣ, 2 хоҷагии ёрирасон ва 3526 хоҷагии наздиҳавлигӣ фаъолият доранд.

Саноат[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҳудуди ноҳия корхонаи фаръии «Балҷувонгаз», корхонаи истеҳсоли сӯзишвории ҶСП «Ҳасан-Ко»-1, 11 муассисаи сохтмон, 5 клуб, 1 осорхона, 6 китобхона, корхонаи коркарди сангҳои гаронбаҳо, 4 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ, муассисаи нақлиётӣ, ҳавзи шиноварӣ, мактаби варзишӣ, бозори марказӣ, бозори маҳсулоти кишоварзӣ, 68 нуқтаи савдои хусусӣ, 8 ошхона, 3 сартарошхона мавҷуданд.

Маориф[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли хониши 2010—2011 дар ноҳия 11 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 12 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 21 мактаби таҳсилоти ибтидоӣ, 1 гимназия фаъолият доштанд, ки дар онҳо 6918 нафар хонандагон таҳсил мекарданд. Дар ноҳия филиали Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Данғара ва як мактаби мусиқӣ машғули таълими насли наврасанд.

Тандурустӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар 3 беморхона, 8 дармонгоҳ, 15 бунгоҳи тиббӣ, 1 маркази саломатӣ, 12 духтури маълумоти олидор ва 95 духтури дорои маълумоти миёнаи касбӣ ба аҳолӣ хидмати тиббӣ мерасонанд.

Матбуот[вироиш | вироиши манбаъ]

Газетаи ноҳиявӣ — «Навиди Балҷувон». Нуқтаи радиошунавонии маҳаллӣ дорад. Дар ҳудуди Балҷувон барномаҳои радиову телевизиони давлатии тоҷик (шабакаҳои ТВ Тоҷикистон, ТВ «Сафина», «Баҳористон», «Ҷаҳоннамо», инчунин, шабакаи РТР-«Планета») пахш мегарданд.

Сайёҳӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳудуди Балҷувон аз мавзеъҳои сайёҳӣ ва ёдгорҳои таърихӣ ғанӣ аст, ки Қалъаи Мир (асри 16-19), Қалъаи Чорбоғ (асрҳои миёна), Қалъаи Тӯпхона (асрҳои 1-6 то м.), Қалъаи Турк (асрҳои 12-13), Қалъаи Дектур (асрҳои 18-19), инчунин, Қалъаҳои Чаноро, Чавгонӣ, Додӣ ва бошишгоҳҳои давраи асри сангин дар деҳаҳои Файзобод, Шаҳидӣ, Бобохон аз ҷумлаи онҳоянд. Барои рушди сайёҳӣ дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Маркази сайёҳии «Сари Хосор» ва «Маркази рушди сайру саёҳати Балхиён» таъсис ёфтаанд.

Дар ноҳия манбаҳои зиёди неъмати бебаҳои табиӣ мавҷудаст, ки онро 200 чашма, рудҳои Дашти Ангора, Дароз Питов, Шикилдара, Шингидара, Гандара, Шибдара, Шӯрак, Сафедак, Булғурӣ, Шӯроб, Хорма, Руи об, дарёҳои Сурхоб Тира,Оби-Мазор,Талхак, Шаршараи Пушти Боғ,Шаршараи Камолӣ, Шаршараи Сафедов,Чашмаи шифобахши Оби гугирди Султон Увайсӣ, Чашмаи Ќалъанақ, Чашмаи Булғурӣ,Чашмаи Оби Гӯр, Чашмаи Оби шулук,Чашмаи Касҳо, Чашмаи Ҳибил, Дарахти азимчуссаи Шинг (деҳаи Шингидара),Чувоз Чинор (деҳаи Даштархо) ва ғайраҳо мебошанд. Дар базаи ин таъсис додани туризм дар асоси иштироки ҷомеа хело муфид аст. Дар ин ҷо назорати асоси ба дӯши ҷомеаи маҳаллӣ таалуқ дошта, барои рушд ва идоракунии он, худи онҳо ҷалб карда шуда, қисми зиёди даромад бошад дар дохили худи ҷомеа нигоҳ дошта мешавад. Барои рушди мибаъдаи туризм дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон шуъбаи туризм, Маркази туризм, алпинизм ва шикори хориҷӣ «Сари Хосор», Муассисаи давлатии «Маркази рушди сайру сайёҳати Балхиён» ва Намояндагии туристии ноҳияи Балчувон дар шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст. Ноҳия дорои мавзеъҳои туристӣ буда, рушди соҳаи туризмро тақозо менамояд. Мавзеъҳои туристии ноҳия ин қалъаи Мир мутаалиқ ба (асрҳои XVI—XIX), қалъаи Чорбоғ (асри миёна), қалъаи Тупхона (асрҳои I-и пеш аз мелод то 6-и мелодӣ), қалъаи Дектур (асрҳои XVIII—XIX), қалъаи Турк (асрҳои XII—XIII), қалъаи Чаноро, қалъаи Чавгонӣ, қалъаи Додӣ, бошишгоҳҳои даври асри сангин дар деҳаҳои Файзобод, Шаҳидӣ, Бобохон Ҷимбулоқ ва мақбараю оромгоҳи орифон мебошанд. Шаршараи Сари Хосор. Ин ёдгории нодири табиатдар мавзеи Пушти Боғӣ деҳаи Мулоконии ҷамоати деҳоти Сари Хосор ҷойгир шудааст.[6]

Шахсияҳои маъруф[вироиш | вироиши манбаъ]

Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ Саидқул Турдиев, Сафар Амиршоев, Исмат Шарифов; Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Миралӣ Маҳмадалиев, ходимони давлатӣ Мирзоалӣ Вайсов, Нусратулло Абулхақов, Ҳумдин Шарифов ва нависандаи ҷангноманавис Раҳмон Сафаров зодагони ҳамин ноҳияанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]