Бобоҷон Ҳофизи Турбатӣ
форсӣ: باباجان حافظ تربتی | |
Таърихи таваллуд: | 1537 |
Навъи фаъолият: | хаттот, шоир, навозанда |
Бобоҷон Ҳофизи Турбатӣ (форсӣ: باباجان حافظ تربتی; ? — 1537) — хаттот, устоди хатти настаълиқ, шоир ва навозандаи форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Падараш Ҳофиз Абдулалии Турбатӣ ва бародараш Ҳофиз Қосим аҳли ҳунар — сарояндаву навозанда ва шоир буданд. Дар шаҳри Зова (Турбати Ҳайдария)-и Хуросон мезистанд. Ҳофиз Абдулалии Турбатӣ ба хидмати Мирзо Ҳусайни Бойқаро ба Ҳирот рафт; сипас ба хидмати султон Яъқуби Оққуюнлу даъват шуд. Пас аз ваф. Яъқуб Ҳофиз Абдулалӣ бо аҳли оилааш ба хидмати шоҳ Исмоили аввали Сафавӣ расид. Бобоҷон Ҳофизи Турбатӣ бо писари шоҳи мазкур Абдулфатҳ Баҳроммирзо дӯстию рафоқат дошт ва ба ифтихори ӯ дар баъзе ашъораш «Баҳромӣ» тахаллус кардааст. Номи Бобоҷон Ҳофизи Турбатӣ дар тазкираи «Туҳфаи Сомӣ»-и Соммирзои Сафавӣ вомехӯрад. Дар тазкираҳои хушнависон номи Бобоҷон Ҳофизи Турбатӣ дар радифи хушнависони бузург — Миралии Ҳиравӣ, Сайидаҳмади Машҳадӣ, Шоҳмаҳмуди Нишопурӣ ва дигар ёд шудааст. Мувофиқи маълумоти тазкираҳо Бобоҷон Ҳофизи Турбатӣ дар ғазалсароӣ, сохтани муаммо, сурудани анвои дигари шеър маҳорат доштааст. Инчунин ӯро дар навохтани уд чирадаст донистаанд. Ҳунари дигари ӯ кандакорӣ будааст. Намунаҳо аз навиштаҳои Бобоҷон Ҳофизи Турбатӣ дар китобе бо номи «Мураққаи Баҳроммирзо» (ба табъ нарасидааст, нусхаи аксиаш дар Китобхонаи марказии Теҳрон мавҷуд аст) боқӣ мондаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бобоҷон Ҳофизи Турбатӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- مهدی بيانی. احوال و اثار خوشنويسان. تهران، ۱۳۴۵ — ۱۳۵۸ هـ. ش؛
- حبیب اصفهانی. خط و خطاطان. قسطنطنیه، ۱۳۰۵ هـ. ق؛
- قاضی احمد قمی. گلستان هنر تهران، ۱۳۶۶ هـ. ش؛
- دائرة المعارف بزرگ اسلامی. ج ۱۰. تهران، ۱۳۸۰ هـ. ش